Умрон Хон, раҳбари Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон эълом кард, ки пулис бори дигар хонаи ӯро муҳосира кардааст.
Умрон Хон бо эъломи ин хабар дар твитте навишт, ки эҳтимолан ин охирин твитти ӯ қабл аз дастгирӣ аст.
Умрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба қайди васиқа барои ду ҳафта озод шуд.
Хон тайи суханоне, ки ба сурати зинда нашр шуд, гуфт “вақте аз артиш интиқод мекунам мисли ин аст, ки аз фарзандонам интиқод мекунам.”
Ӯ гуфт, ки ҳамвора аз артиш дифоъ кардааст.
Ӯ таъкид кард, ки барои музокира омодааст ва афзуд, ки танҳо роҳи ҳал барои суботи сиёсӣ дар Покистон баргузории интихобот аст.
Умрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон дар 9 апрел, ҳангоми ҳузур дар додгоҳи олии Исломобод дастгир шуд.
Пулис ӯро ба иттиҳоми фасод дар парвандае маъруф ба “бунёди Алқодир” боздошт карда буд.
Додгоҳи олии Покистон дар Исломобод боздошти Умрон Хонро ғайриқонунӣ хонда ҳукм дод, ки то ду ҳафтаи оянда Хонро наметавон дар ҳеҷ парвандае дастгир кард.
Ӯ пас аз раҳоӣ, аз Исломобод ба хонааш дар Лоҳур рафт.
Дар пайи боздошти Умрон Хон, ҳаводорони ӯ дар шаҳрҳои мухталифи Покистон даст ба эътироз заданд. Ин эътирозот ба хушунат кашида шуд ва дасти кам ҳашт тан аз мӯътаризон кушта ва садҳо тани дигар тавассути пулис боздошт шуданд.
Кумитаи амнияти миллии Покистон рӯзи сешанбе дар нишасте, ҳаводорони мӯътаризи Умрон Хонро “ҷинояткор ва ошубгар” хонда ва тасмим гирифта, ки бо онҳо бар асоси қавонини артиши ин кишвар бархурд кунад.
Умрон Хон пас аз барканорӣ аз қудрат, борҳо аз артиш интиқод кардааст. Ў ахиран дар як гирдиҳамоӣ дар Лоҳур иддао кард, ки як афсари аршади иттилоотӣ дар суъқасд ба ӯ дар авоили ноябри соли гузашта даст доштааст.
Дар он суъқасд нахуствазири собиқи Покистон аз ноҳияи по мавриди исобати гулӯла қарор гирифт.
Артиши Покистон аммо дар баёнияе иддаои Умрон Хонро такзиб кард.