Categories Хабарҳо

Таксии ҳавоии Убер дар дастраси умум қарор гирифт (Навор)

Ширкати таксиронии интернетии Убер аз рӯзи 3 октябр арзаи умумии сервиси таксии ҳавоии худро бо номи “Убер коуптер” оғоз кард. 

Муштариён бо истифода аз ин сервиси ҳавоӣ метавонанд бо чархбол ба мақсади мавриди назари худ бираванд. Дар ҳоли ҳозир ин тарҳ маҳдуд ба масири маҳаллаи Манҳеттени Ню-Йорк то фурӯдгоҳи Ҷон Кеннедии ин шаҳр аст. 

“Убер коуптер” пештар дар авоили тобистон роҳандозӣ шуда буд, аммо танҳо ба муштариёни вижа ихтисос дошт. Акнун ҳама метавонанд аз ин сервис истифода кунанд. 

Дар сурате, ки дар Ню-Йорк сокин бошед, бо интихоби ин сервиси Убер листе аз чархболҳоро бо қимати миёни 200 то 250 доллар нишон медиҳад, ҳамчунин як худрави таксӣ низ ҳамроҳи он аст то шуморо ба назди чархбол бубарад. 

Хабарнигори веб-сайти фановарии CNT, ки ин сервисро имтиҳон кардааст, мегӯяд бо таксии чархболӣ, масири Манҳеттен то фурӯдгоҳ камтар аз 8 дақиқа тӯл кашидааст. 

Мусофирон дар “Убер коуптер” , ки зарфияти он панҷ нафар аст метавонанд як кифи дастӣ ва як чомадони кӯчаки махсуси кобинро бо худ ҳамл кунанд. 

Дар ҳоле, ки озмоишкунандагони аввалия системи таксии чархболии Уберро гарон ва мусталзими сарфи вақти изофӣ медонанд, мудирони ин ширкати таксиронӣ мегӯянд, ин аввалин гом дар масири дунёи оянда ва ҳамлу нақли ҳавоӣ ба шумор меравад. 

Убер эълом карда, ки дар садад аст сервиси ҳавоии тозаи худро дар гоми баъдӣ дар шаҳрҳои Лос-Анҷелес, Далос ва Мелбурн ифтитоҳ кунад. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *