Қурби асъор аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзи 9 октябр, 1 рубл баробари 14 дирам ва нархи евро нисбат ба дирӯз як дирам поён рафта, 1 евро 10 сомониву 64 дирам муайян шудааст.
Дар муъомилоти миёни бонкҳо 1 доллари ИМА 9 сомониву 68 дирам муъайян шудааст.
****
Ба гузориши сойтҳои маводди хоми Лондон ва Нюйорк, имрӯз ҳам коҳиши баҳои нафт дар муъомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон ба қайд гирифта шуд.
Нархи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон 58 доллару 24 сент муъомила шуд.
Ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 52 доллару 63 сент муъомила шуд.
***
Тибқи маълумот аз пойгоҳи Goldnp.com имрӯз нархи 1 унс тилло дар Тоҷикистон мисли нархи дирӯза 1497 доллари Амрикоӣ муаян шудааст.
Бо ҳамин ҳисоб нархи тиллои пробаи 585 дар Тоҷикистон 272 сомониву 72 дирам
Пробаи 750 бо арзиши 349 сомониву 62 дирам
Пробаи 375 бо қиммати 174 сомониву 81 дирам
Пробаи 916 бо нархи 427 сомонӣ
Пробаи 999 бошад бо арзиши 465 сомониву 64 дирам муайян шудааст.
Арзиши тилло дар биржаи металлҳои Лондон ҳар рӯз ду маротиба, дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич муқаррар карда мешавад. Барои муайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ Scotia Mocatta, Barclays Capital, Deutsche Bank, HSBC и Société Générale ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад. Аммо нархи воқеӣ вобаста ба омили инсонӣ метавонад ё камтар ё бештар бошад.
****
Тоҷикистон аз оғози сол то ба ҳол содироти сангҳои қиматбаҳоро 6,4 дарсад афзоиш ва воридоти онҳоро 7,2 дарсад коҳиш додааст.
Бино ба гузориши World Gold Council, Шӯрои ҷаҳонии тилло, Тоҷикистон дар нахустин семоҳаи соли 2019, 1 тонна тилло фурӯхт ва яке аз се кишвари пешгоми ҷаҳон дар ин замина буд.
Бар асоси додаҳои ин гузориш, дар ин муддат бонки марказии Ӯзбекистон 6,2 тонна, Бонки Миллии Муғулистон 3,4 тонна ва Бонки Миллии Тоҷикистон 1 тонна тилло фурӯхт.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки Русия харидори аслии тилло дар ин давр буд. Дар се моҳи аввали сол Бонки Русия 55,3 тонна тилло харид ва ҳаҷми захираи тиллоро то 2168 тоннаю 300 кило афзойиш дод. Туркия дар ин муддат 40 тоннаю 100 килограм ва Чин 33 тонна тилло харид кард.
Бар асоси додаҳои оморӣ, Тоҷикистон соли гузашта ба арзиши беш аз 2 миллион сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо содир кард, ки ин шумор дар муқойиса бо соли 2017, 99 дарсад коҳишро нишон медиҳад.