Рубрики Хабарҳо

Юпитер ва Сатурн ба масофаи максималӣ наздик мешаванд

Астрономҳои Донишгоҳи Райс (ИМА) муайян карданд, ки 21 декабри соли 2020, пас аз ғуруби офтоб, Юпитер ва Сатурн ба масофаи максималӣ наздик мешаванд.

Дар моҳи декабр як рӯйдоди беназири астрономӣ мушоҳида мешавад.
Ҳодиса дар 800 соли охир бори аввал рух медиҳад. Олимони астрономи Донишгоҳи Райси ИМА муайян кардаанд, ки пас аз ғуруби офтоб санаи 21 декабри соли 2020 сайёраҳои Юпитер ва Сатурн бори аввал пас аз асрҳои миёна ба масофаи ҳадди ақал дар осмони шаб наздик мегарданд.
Ду гиганти газӣ дар ҳар 20 сол ба ҳам наздик мешуданд, аммо онҳо хеле кам ба якдигар дар

масофаи ҳадди аққал қариб меомаданд. Охирин чунин равиш 4 марти соли 1226 рӯй дода буд. Рӯзҳои 16-25 декабр масофаи байни Юпитер ва Сатурн ҳангоми мушоҳида аз Замин аз панҷ як ҳиссаи моҳро ташкил медиҳад ва ин ду сайёра чун сайёраҳои дугоник намудор мешаванд.
Сокинони экватор шароити беҳтаринро барои мушоҳидаи ин падида доранд, аммо агар шароити обу ҳаво имкон диҳад, онро аз ҳар гӯшаи олам мушоҳида кардан мумкин аст.

Сайёраҳо пас аз як соати ғуруби офтоб дар ғарби осмон пайдо шудан мегиранд.
Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки дафъаи оянда сайёраҳо ба якдигар санаи 15 марти соли 2080 наздик мешаванд ва пас танҳо дар соли 2400.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *