Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 10.10.2019

Қурби асъор аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзи 9 октябр, 1 рубл баробари  14 дирам ва нархи евро мисли дирӯз 1 евро 10 сомониву 64 дирам муайян шудааст.

Дар муомилоти миёни бонкҳо 1 доллари ИМА 9 сомониву 69 дирам  муъайян шудааст.

****

Ба гузориши сайтҳои маводди хоми Лондон ва Нюйорк дар муъомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон имрӯз нархи нафт нисбати нархи дирӯза андаке тағйир ёфт.  

Нархи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон 58 доллару 32 сент муъомила шуд.

Ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 52 доллару 59 сент муъомила шуд.

***

Тибқи маълумот аз пойгоҳи Goldnp.com имрӯз нархи 1 унс тилло дар Тоҷикистон мисли нархи дирӯза  1497 доллари Амрикоӣ муаян шудааст. 

Бо ҳамин ҳисоб нархи тиллои пробаи 585 дар Тоҷикистон 272 сомониву 72 дирам

Пробаи 750 бо арзиши  349 сомониву 62 дирам

Пробаи  375 бо қиммати  174 сомониву 81 дирам

Пробаи 916 бо нархи   427 сомонӣ

Пробаи  999 бошад бо арзиши  465 сомониву 64 дирам муайян шудааст. 

Арзиши тилло дар биржаи металлҳои Лондон ҳар рӯз ду маротиба, дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич муқаррар карда мешавад. Барои муайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ Scotia Mocatta, Barclays Capital, Deutsche Bank, HSBC и Société Générale ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад. Аммо нархи воқеӣ вобаста ба омили инсонӣ метавонад ё камтар ё бештар бошад.

***

Тоҷикистон аз Узбекистон ба таи ҳашт моҳи соли равон ба арзиши 9 миллиону 400 доллар газ ворид кардааст. 

Дафтари матбуотии  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ин иттилоияро нашр карда, вале  дар бораи мизон ва нархи ҳар ҳазор метри мукааб гаи воридотӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон оморе ироа накардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 Узбекистон ба Тоҷикистон 54 миллион метри мукааб газ содир карда буд.

Гази содиротии Узбекистон дар теъдоде аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз ҷумла ширкати  ТалКо истифода мешавад.

Аммо ба мардум то ба ҳол  аз гази воридотии Узбекистон ба далели маҳдуд будани ҳаҷм ва нархи болои он интиқоли газ суръат нагирифтааст.

Аз сӯи дигар бар асоси гузориши Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар дохили кишвар истихроҷи газ дар ҳоли коҳиш аст, чунончи аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 478 ҳазор метри мукааб газ истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, наздик ба 25 дарсад коҳиш доштааст.

Пеш аз ин низ Шавкат Шоҳинзода, муовини авали мудири ширкати интиқоли гази Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар соли равон қасд доранд аз Узбекистон 200 миллион метри мукааб газ ворид кунанд, вале ин мақоми тоҷик дар бораи нархи ҳар ҳазор метри мукааби гази воридотӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон оморе ироа накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *