Рубрики Хабарҳо

Банани масмуми СПИД?

Дар шабакаи иҷтимоии фейсбук  аксе мечархад, ки сарусадои корбаронро ба миён овардааст.

Дар акс як банани аз пӯсташ ҷудокарда аст, ки дар таркибаш доғи хунмонанд дида мешавад. Дар зери ин акс гуфта шудааст, ки  чунин бананҳо дар мағозаҳои шаҳри Душанбе фурӯхта мешаванд ва мардум эҳтиёт шаванд ва аз он харидорӣ накунанд, зеро аз дигар давлатҳо дар таркиби бананҳо Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ СПИД)-ро ҷой карданд ва онро ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Ин акс аз  саҳифаи корбар Амин Садриддинов  ҳамрасонаӣ шудааст. Ин корбар мегӯяд “Ба ҳар ҳол эҳтиёт шудан лозим. То куҷо ҳақиқат дорад, инаш номаълум”.

Аммо, мудири шуъбаи назорати диспансерии Маркази ҷумҳуриявии пешгирии бемориҳои Вируси норасоии масунияти одам Зуҳро Нуруляминова  ба нашрияи “Фараж” дар ин бора гуфтааст, ки иддаои эҳтимоли дар меваҷот вуҷуд доштани Вируси норасоии масунияти одам ботил аст.

Зуҳро Нуруляминова гуфтааст,  аввалан вируси мазкур танҳо дар вуҷуди одам метавонад вуҷуд дошта бошад ва берун аз организми инсон имконияти мавҷудияти он бениҳоят кам аст. Хӯроки асосии вирус ҳуҷайраҳои иммунии одамизоданд. Вақте Вируси норасоии масунияти одам  ба организми одам ворид мешавад, ҳамин ҳуҷайраҳои иммуниро хӯрда нобуд месозад. Дар он миқдор хуне, ки гӯё дар таркиби банан мавҷуд аст, амалан вирус дар он вуҷуд дошта наметавонад, зеро барои афзоиш ёфтан имконият надорад.

Масалан, агар дар як пиёла об бошаду хуни одами сироятшуда ба он афтида бошад, бо нӯшидани об имкони сироятёбӣ ба Вируси норасоии масунияти одам  вуҷуд надорад. Барои он ки одам гирифтори Вируси норасоии масунияти одам шавад, як консентратсияи муайяни хун лозим аст, дар организми одам ҳамроҳ шавад. Бананро аз кишварҳои дурдасти африқоӣ бо тай кардани чандин рӯз тариқи қатораҳо ба Тоҷикистон меоранд.

Ҳарорати дохили қаторҳо ҳеҷ гоҳ 70 дараҷа сард нест, ки вирус зинда монаду афзоиш наёбад. Маъмулан дар мо 20-25 дараҷа аст. Дар ин ҳолат вирус тамоман зинда намемонад. Гузаштани вирус тариқи меваву сабзавот амри маҳол аст ва ҳеҷ мумкин нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *