Рубрики Хабарҳо

Минбаъд дар Узбекистон танҳо аттестати электронӣ медиҳанд

Аз соли хониши имсол хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар Ӯзбекистон аттестатро танҳо дар шакли электронӣ хоҳанд гирифт. Ба иттилои хабаргузории Фарғона, дар ин бора муовини аввали вазири маорифи томактабӣ ва мактабии ин кишвар Усмоншариф Хоҷаев хабар додааст.

Соли гузашта хадамоти фосилавии гирифтани шаҳодатномаҳои такрорӣ роҳандозӣ шуд ва 20 000 нафар аз он истифода карданд.. Ин таҷриба муваффақ дониста шуд ва ҳукумат тасмим гирифт, ки аттестатҳоро ба таври электронӣ диҳанд.

Гуфта мешавад, ки ин навоварӣ шаҳрвандонро аз бюрократизм наҷот дода, сарфаи коғазу маблағҳои барои истеҳсоли бланка ҷудошуда, ба ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад.

Шиносномаи электронӣ дорои QR-код мешавад, ки онро дар вақти дилхоҳ тавассути шиносномаи электронӣ нусхагирӣ кардан мумкин аст ё дар сурати гум шудани ҳуҷҷат бидуни мушкил гирифтани нусхаи дубора аз E-Passport зеркашӣ кардан мумкин аст.

Бахши томактабӣ ва мактабии Вазорати маорифи Узбекистон қайд кардааст, ки навъи шаҳодатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро ба донишгоҳ соддатар мекунад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *