Рубрики Хабарҳо

Ифтитоҳи бузургтарин аквапарки ОМ дар Душанбе (аксҳо)

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин Марказ дорои бузургтарин аквапарк дар Осиёи Миёна аст.

Марказ ҳамчунин дорои мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кӯл ва дигар иншооти фароғатӣ аст.

Обанбори кӯли “Душанбе” масоҳати 6,5 гектарро дар бар гирифта, ба он оби софи равон ворид мешавад ва сифати он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар қисми шимолии соҳил ҷой барои оббозӣ, ки бо тӯр ҷудо шудааст, дар қисмати шарқӣ ҷой барои истироҳату фароғати гурӯҳиву оилавӣ бо катҳои алоҳида ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо ҳуҷра барои ивази либос таъмин гардида, дар онҳо имконияти дастрасии мустақим ба соҳили кӯл фароҳам аст.

Соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, рӯйпӯш гардида, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад.

Дар баробари ин барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ барои ҷаҳидан ба об сохта шуда, онҳо метавонанд аз катамаранҳо, флейборд ва гидросиклҳо истифода баранд.

Дар гирди кӯл дар масофаи 2000 метр пайроҳа барои давидан ва велосипедронӣ ташкил шуда, дар ҷойи махсус таваққуфгоҳи велосипедҳо сохта шудааст.

Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” велосипедҳои дучарха ва чорчархаро барои истифода дар ҳудуди кӯл пешкаши сокинону меҳмонон намудааст.

Барои нафароне, ки худашон маҳорати пазандагӣ доранд ва мехоҳанд хӯрокро бо дасти худ омода созанд, дар минтақаи истироҳати оилавӣ дар наздикии кӯл катҳо мавҷуданд, ки аз он метавонанд истифода баранд.

Дар қисми шимолу ғарбии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 навъи ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”-ро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, чун намунаи муосири беҳамто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад.

Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ —  ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад.

Ҳавзҳо дорои системаи махсуси поккунии об буда, тавассути насосҳои филтркунанда вазъи санитарии об пурра таъмин мегардад.

Дар ин парки обӣ зиёда аз 16 навъи аттраксионҳои обӣ васл карда шудаанд, ки дар кишвар бори аввал аз Туркия вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, ба монанди спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *