Бар асоси омори мунташиршуда то кунун 1700 нафар аз пизишкон ва имдодгарон дар Чин мубтало ба бемории танаффусии коруно шудаанд. Бо марги раиси бемористоне дар Вуҳон, теъдоди қурбониён ин беморӣ дар байни пизишкон ва имдодгароон ба шаш нафар расидааст.
Шумори қурбониёни бемории танаффусии коруно ҳамчунон афзоиш меёбад. Ин дар ҳолеcn, ки коршиносони масоили пизишкии Чин бар ин боваранд, ки ҳанӯз нуқтаи авҷи ибтило ба бемории коруно дар Чин фаро нарсидааст.
Сайти “Тогсшоу” вобаста ба шабакаи як телевизиони Олмон рӯзи сешанбе 18 феврал гузориши дигаре дар бораи мавориди ибтило ва шумори қурбониёни бемории коруно дар Чин мунташир кардааст.
Бар асоси ин гузориш, шумори қурбониёни бемории танаффусии коруно ба 1868 нафар расидааст. Шумори мубталоиён ба ин беморӣ низ бар асоси омори ироа шуда аз сӯи комиссияи пизишкии Чин, бо афзоиши болиғ бар 1886 маврид дар рӯзи душанбе 17 феврал ба дасти кам 72 ҳазору 436 нафар расидааст.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси арзёбии масъулони пизишкии Чин, нуқтаи авҷи ибтило ба ин беморӣ дар он кишвар дар вопасин рӯзҳои моҳи феврал фаро хоҳад расид.
Комиссияи пизишкии Чин эълом кардааст, ки фаро расидан ба нуқтаи авҷи ибтило ба бемории коруно ба маънои нуқтаи чархиш дар муқобила бо ин беморӣ нест. Пешбинӣ мешавад, ки контроли ибтилоии бемории коруно то моҳи апрели соли ҷорӣ идома ёбад.
Марги шаш имдодгар
Бар асоси гузорише, ки аз сӯи телевизиони давлатии CCTV мунташир шуда, то кунун шаш нафар аз пизишкон ва имдодгарон дар асари ибтило ба бемории коруно ҷони худро аз даст додаанд.
Охирин намунаи марг дар асари ибтило ба бемории коруно дар байни пизишкон ва имдодгарон марбут ба раиси бемористони “Вучонг” дар шаҳри Вуҳони Чин мешавад.
Гуфта мешавад, ки то кунун 1700 нафар аз пизишкон ва нерӯҳои имдодгар дар Чин ба рағми риояти тавсияҳо ва пӯшиши муносиб, мубтало ба бемории коруно шудаанд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки пизишки ифшогари шуйӯъи бемории коруно низ ҷони худро дар асари ибтило ба ин беморӣ аз даст додааст.
Давлати Чин дар охирин иқдоми худ баргузории намоишгоҳи бузурги худрав дар ин кишварро ба таъвиқ андохтааст. Намоишгоҳи бузурги худравсозӣ дар Пекин қарор буд дар рӯзҳои 21 то 30 апрел баргузор шавад. Ҳанӯз таърихи дақиқе барои баргузории ин намоишгоҳ эълом нашудааст.
Намоишгоҳи худравсозии Пекин, бузургтарин намоишгоҳи худрав дар саросари ҷаҳон аст. Пеш аз он низ баргузории рақобати автамобилронии “Формула як” лағв шуда буд.