Маҳмуд Аббос, раиси давлати Фаластин нишасти фавқулодае дар пайи ба шаҳодат расидани 9 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни Исроил ба Ҷинин дар Карона Бохтарии рӯди Урдун баргузор кард.
Набил Абурдина, сухангӯи давлати Фаластин, эълом кард, ки тамоми ҳамкориҳои амниятӣ бо Исроилро комилан мутаваққиф карда ва фавран ба Шӯрои амният дар хусуси ҳифозат аз амнияти миллати Фаластин муроҷиа хоҳанд кард.
Вай таъкид кард: давлати Фаластин аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ дархости расидагӣ хоҳад кард ва ҳамчунин дар хусуси ҷиноёти Исроил дар Ҷинин ба додгоҳи ҷиноёти байналмилалӣ шикоят хоҳад бурд.
Абурдина иброз дошт: Маҳмуд Аббос тамоми гурӯҳҳои фаластиниро ба баргузории нишасти фаврӣ ҷиҳати тавофуқ дар бораи дидгоҳи муштарак нисбат ба ҷиноёти Исроил фаро хондааст.
Гуфтанист, Маҳмуд Аббос, раиси давлати Фаластин дар пайи шаҳодати 9 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни Исроил ба Ҷинини Каронаи Бохтарӣ дар саросари сарзаминҳои Фаластин се рӯз азои умумӣ эълом кард.
Ин дар ҳолест, ки низомиёни Исроил бо мушорикати мустақими сервиси иттилооти дохилӣ ба таври бесобиқае субҳи дирӯз, 26 январ ба Ҷинин юриш бурда ва бо фаластиниён даргир шуданд.
Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки дар ҳамлаи дирӯзи низомиёни Исроил ба Ҷинин 9 нафар, аз ҷумла як зани солманд шаҳид ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳамалоти низомиёни Исроил тайи чанд моҳи ахир ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ, ба вижа Ҷинин ва Ноблус ташдид шуда ва тайи ин ҳамалот даҳҳо фаластинӣ ҷон бохта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.