Рубрики Хабарҳо

Золим ва олами хаёлии ӯ

Золим бо раият ва тасаллути золим бар раият, парстореро мемонад, ки молу дороии  ятимон дар чанголи хунини ӯ қарор дорад. Бинобар гуфтаҳои боло, ба рушду такомул расидани ятим ба манфиати парстор нест, инчунин золим намехоҳад ки раият дар оғӯши илм бошад, зеро ин ба манфиати ӯ нест.

Золими Тоҷикистон исбот кард ки намехоҳад мардум дар рӯшаноии илму маърифат парвоз кунад. Дирӯз яке аз пурҷуръатноктар овози тоҷик дар даҳсолаи охир ба як сол равони таҳхонаи Амир Олимхони замона шуд.

Ҷаласаии судии дирӯза нишон дод ки золим ва мустабидд олами худро дорад.

Олами торик, зулмонӣ, уфунатбор, пуррӯӣ, зӯргӯӣ ва нодидагирии инсон, ҷуз худаш ва тӯдае аз лаганбардорҳояш ки бидуни онҳо олами ӯ бебому сутун мемонад. Бому сутуни олами мустабид ин аъвони ӯ аз «сегонаи шар» иборат аст. Золим тасаввур дорад, ки олам ин «додНОрас», «додНОситон» ва мақомотҳои қудратист. Ин «сегонаи шар» олами золимро ба ҳар роҳе ва ба ҳар қимате набошад, обод месозанд. Фиръавн як машваратчӣ дошт бо номи Ҳомон ва олами зулму истибдоди фиравниро сутун ӯ буд. Имрӯз ин «сегонаи шар» барои мероси шайтонии Ҳомонро ба даст овардан ба тамоми ҳастӣ кӯшиш доранд ва лав аз ҳисоби кӯдаки дусола ва ё ҷавонзани тоҷик бошад. Меросбарони Ҳомон чунон бо маҳоратанд, ки «боинсофона» мероси бобояшонро на ба як шахс балки ба се муассиса – додНОрасӣ, додНОситонӣ ва мақомоти қудратӣ (бо се шохааш, амнияту дохилаву дифоъ) — тақсим карданд, то тавонанд роҳи бобояшонро ба тамоми санъаташ ба ҷо оранд. То ки яке кӯтоҳии дигариро пӯшонад ва вазифаҳои додаи мустабиди калонӣ бекаму костагӣ ба ҷо оварда шавад.

Агар раисони дигар давлатҳо кӯшиш доранд то ҷоизаи Нобелро ба даст оваранд ва барои ин хидмати аз дасташон меомадаро кунанд, золими мо бошад, собит сохт ки дар пайи баранда шудани ҷоизаи «меросхӯри беҳтарини Фиръавн» аст. Золимон тӯли асрҳо барои ин ҷоиза мусобиқа доранд. 

Золими мо, бо зиндони кардани Далер Шарипов собит сохт ки муборизаи ӯ бар зидди ифротгароӣ неву бар зидди ислом аст. 

Зеро  Далер китобе таълиф намуда буд, ки дар он безории ислом аз ифротгароиро исбот месохт ва аз Паёмбар (с) дифоъ мекард. Меросхӯрони Фиравну Ҳомонро ин дифоъи додарамон нороҳат кард. Маҳз ҳамин китоб сабаб шуд, ки ӯ барои худ кунҷи зиндонро барои як сол иҷора гирад. 

Хонандаи азиз! Фаромӯш накун ки мубориза байни оли Фиръавн ва оли Мусо то қиёмат давом дорад. Коре ки Далер кард, як эпизоде ё порчае аз он саҳнаест ки ҳазорсолаҳост идома дорад. 

Золим исбот кард ки ӯ дар олами бадбӯи худ зиндаги дорад.

 Барои мисол: тамоми олам машғул бо мубориза алайҳи короно аст, ӯ бо «ҳомонҳояш» парвои дигар мардумони мусибатзадаи олам накарда, мардумро бо рақсу думҷунбонӣ машғул кард, гӯё дар оламест ки холӣ аз мушкилӣ аст

Тамоми олам дар фикри озод намудани зиндониён аст то байни онҳо беморӣ паҳн нашавад, золими мо бошад, зебогиву оромии олами худро дар пур кардани зиндону таҳхонаҳои мақомот медонад. 

Тоҷики тоҷдори баномус, сутуни ин золим нашав, худро аз хидмати ӯ канор гир, то оламаш болои сараш фурӯ равад!

“Ба касоне ки зулм карданд майл (ва такя) накунед, ки оташ (и дӯзах) ба шумо хоҳад расид, барои шумо (сарпараст ва) дӯсте ҷуз Худованд вуҷуд надорад”… (сураи Ҳуд 113)

Афшини Муҷтабо

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *