Рубрики Хабарҳо

Сукерберг “аз дахолати Эрону Русия ба интихоботи Амрико пешгирӣ”кард

Марк Сукерберг, мудири кул ва муассиси шабакаи иҷтимоии Фейсбук ду рӯз муқаддам 21 октябр эълом кард, ки сафҳаҳои корбарии шабакаеро, ки аз дохили Эрон фаъолият мекард, бастааст. Сукерберг дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии NBC-и Омрико  муддаӣ шуд, ки Фейсбук ҷилави дахолатҳои эҳтимолии Эрон ва Русия дар раванди интихоботи президентии Амрико дар соли 2020 -ро аз тариқи ин шабака гирифтааст.

Сукрберг гуфтааст: “Мо тавонистаем онҳоро фаъолона шиносоӣ карда, аз байн бибарем, ин нишонгари он аст, ки системҳои мо акнун бисёр пешрафтатар аз гузашта ҳастанд.”

Мудири Фейсбук дар ҷараёни раванди интихоботи президентии соли 2016, ки мунҷар ба пирӯзии Тромп шуд, зери интиқоди шадид қарор гирифт. Интиқодҳо мабнӣ бар нуфузи давлати Русия аз тариқи Фейсбук ба раванди интихобот ва интишори ахбори ҷаълӣ ба нафъи кампини интихоботии Тромп ва ба зарари Ҳилори Клинтон аз тариқи ин шабакаи иҷтимоӣ буд. Ҳатто ҳафтаи гузашта Кумитаи иттилооти порлумони Омрико ҳам, ки аксарият ҷумҳурихоҳон онро идора мекунад, бо интишори гузориши таҳқиқотӣ,  дахолати Русия дар интихоботи соли 2016-и Омрикоро эътироф кардааст.

Ҳоло Марк Сукерберг, ки мудири густурдатарин шабакаи иҷтимоии ҷаҳон аст, пешдастӣ карда, муддаӣ шудааст ин шабака ҷилави саҳифаҳои ҷаълӣ аз дохили Эрон ва Русияро, ки ҳадафи онҳо парокандани иттилооти нодуруст ва тафриқаангез барои таъсир гузоридан дар натиҷаҳои интихоботи 2020-и Омрикост, аллакай гирифтааст.

Фейсбук маҳбубтарин шабакаи иҷтимоӣ дар Омрикост ва бисёре аз шаҳрвандони омрикоӣ ахбору иттилооти мавриди ниёзи худро аз дохили ин шабака дарёфт мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *