Categories Хабарҳо

Ҷаҳонгирӣ: 22 миллиард долларро ба Истамбул ва Дубай бурданд

Муовини аввали Ҳасан Рӯҳонӣ ҷиноҳи мунтақиди давлат дар ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эронро муттаҳам кард, ки 22 миллиард доллар манобеъи кишварро ба Истамбул ва Дубай бурданд ва мушаххас нашуд, ки ин пул чӣ сарнавиште пайдо кард. 

Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷмуҳури Эрон, рӯзи сешанбе 22 октябр дар як суханронӣ дар “ҷаласаи ҳамандеши бо уламо ва рӯҳониён” фош сохт, ки дар давраи давлати қаблӣ (Маҳмуд Аҳмадинажод) 22 миллиард доллар аз манобеъи кишварро ба хориҷ аз кишвар бурдаанд. 

Ба гуфтаи Ҷаҳонгирӣ ҳадафи хориҷкунандагони ин маблағи ҳангуфт, муқобилаи афзоиши қимати доллар дар кишвар ва коҳиши он буда, аммо на қимати доллар коҳиш ёфта ва на мушаххас шуда, ки 22 миллиард доллар чӣ сарнавиште пайдо кардааст. 

Ҷаҳонгирӣ дар идомаи суханони худ бо ишора ба интиқодҳои густурда ба арзи 4200 тумонӣ барои бархе ақлом ва колоҳои зарурӣ, ки мунтақидони давлат аз он бо номи “Орази Ҷаҳонгирӣ” низ ёд мекунанд, гуфт: “Тасмиме, ки дар ин хусус иттихоз шуд мавриди таъйиди ҳамаи аркони низом буд аммо иддае, ки ба думболи ҷаъли хабар ва ноумед кардани мардум ҳастанд борҳо дар расонаҳо твиттер заданд, ки 18 миллиард доллар аз манобеъи кишвар бо ин тасмим ба бод рафт ва як бор ҳам тавзеҳ надоданд, ки истидлолашон чист?” 

Муовини аввали раисҷумҳури Эрон изофа кард: “Касоне, ки арзи 4200 тумониро зери савол мебаранд ва мегӯянд, ки давлат манобеъи кишварро ба бод дода, ҳамон касоне ҳастанд, ки ҳудуди 22 миллиард доллар манобеъи кишварро ба Истамбул ва Дубай бурданд то ба гуфтаи худашон қимати арзро дар кишвар коҳиш диҳанд дар ҳоле, ки на қимати доллар коҳиш пайдо кард ва на мушаххас шуд, ки 22 миллиард доллар чӣ шуд?” 

Рақаме, ки Ҷаҳонгирӣ унвон карда, тақрибан муодили арзиши кулли содироти солонаи нафти Эрон дар соли 2016 мелодӣ аст ва метавонад дар сурати исбот ба унвони бузургтарини фасоди молӣ тӯли таърихи Ҷумҳурии Исломи сабт шавад. 

Ҷаҳонгирӣ дар суханрони тӯлонии худ аз “дастовардҳои давлат” дар заминаҳои мухталиф низ сухан гуфт ва аз онҳо дифоъ кард. Ў гуфт: “бардошти гази Эрон дар соли 84 аз майдони муштараки газӣ бо Қатар баробар буд аммо соли 92, ки давлат тадбир ва умеди кори худро оғоз кард, бардошти рӯзонаи Қатар 550 миллион метри мукааб ва бардошти Эрон 250 миллион метри мукааб буд, ки ин ақибмондагӣ ҳатман ношӣ аз хиёнат буда зеро чанд даҳ миллиард доллар пули миллати Эрон аз даст рафтааст.”

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *