Рубрики Хабарҳо

“Баҳонаҷӯии Маскав”. Зеленский ҳамлаи паҳподӣ ба Кремлро рад кард

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин рӯзи чаҳоршанбе иддаои Маскав дар мавриди ҳамлаи паҳподӣ бар Кремл ба ҳадафи куштани Путинро рад кард. 

Ӯ Русияро муттаҳам кард, ки бо тарҳи иддаои террори Путин, ба думболи баҳонае барои басиҷи афкори оммаи Русия дар ҳимоят аз ҷанги Укроин аст. 

Русия рӯзи чаҳоршанбе иддао кард, ки Укроин бо ду паҳпод ба Кремл ҳамла кардааст. Сухангӯи ҳукумати Русия гуфт, ки ҳадафи ин ҳамла суъиқасд ба ҷони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия будааст. 

Зеленский дар як конфронси хабарӣ дар Финланд гуфт: “мо ба Путин ё Маскав ҳамла накардем. Мо дар қаламрави худ меҷангем.” 

Ӯ дар мавриди иддаои Кремл дар бораи террори Путин тавассути ин паҳподҳо гуфт: “хеле содда аст. Русия [дар ҷанги Укроин] ҳеҷ пирӯзӣ надоштааст. Ў (Путин) беш аз ин наметавонад ба ҷомеаи худ ангеза бидиҳад ва далеле ҳам барои фиристодани сарбозонаш ба коми марг надорад. Акнун ба думболи баҳонае барои ангеза додан ба мардумаш аст, то ин роҳро идома диҳанд.” 

Укроин то ҳол ба ҳеҷ ҳамлае дар хоки Русия эътироф накардааст. Дар ҳоле, ки танҳо дар як ҳафтаи охир ба ду анбори бузурги маҳсулоти нафтӣ ҳамлаи паҳподӣ анҷом шуд васадҳо ҳазор тон сӯхти нафтӣ ба коми оташ рафт.

Зеленский гуфт, ки Укроин ба зудӣ зиддиҳамлоташро алайҳи нерӯҳои русӣ оғоз хоҳад кард. Ў ибрози итминон кард, ки кишварҳои ғарбӣ таҷҳизоти бештари низомӣ аз ҷумла ҷангандаҳои модерн дар ихтиёри Укроин қарор хоҳанд дод. 

Раисҷумҳури Укроин бори дигар бар дархости худ барои пайвастани Укроин ба НАТО таъкид кард. Ў гуфт, ки кишвараш то замони касби узвияти ин Созмон, ба “замонатҳои амниятӣ” ниёз дорад. 

Ӯ дар Финланд гуфт: “ҳадафи мо дарёфти узвияти комили ин паймони низомӣ аст. Ин масъала яке аз далоили ҳузури ман дар ин ҷо аст. Содиқона бигӯям, ки иллати дувум ва авлавияти аслии ман дар ин сафар тақвияти артиши мо аст.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *