Мақомоти укроинӣ ва лаҳистонӣ рӯзи шанбе аз вуруди нерӯҳои Вагнер аз Русия ба хоки Беларус хабар доданд. Ҳамчунин Минск рӯзи ҷумъа эълом карда буд, ки аъзои ин гурӯҳи шибҳинизомии муздур сарбозони беларусиро дар ҷануби шарқии пойтахти ин кишвар тамрин медиҳанд.
Андрей Демченко, сухангӯи Ожонси марзии Укроин дар баёнияҳое дар каналтелеграмми худ гуфт: “Вагнер дар Беларус аст ва таҳаррукоташон дар ин кишвар қобили мушоҳида аст.”
Ду манбаъи наздик ба нерӯҳои Вагнер мегӯянд, ки бархе аз аъзои ин гурӯҳи шибҳинизомии муздур дасти кам аз рӯзи сешанбе дар Беларус ҳузур доранд.
Вазорати дифоъи Беларус рӯзи ҷумъа видеое мунташир кард, ки дар он шибҳинизомиёни Вагнер дар як пойгоҳи низомӣ дар наздикии шаҳри Осиповичи ба сарбозони беларусӣ омӯзиш медиҳанд.
Бинобар ба эъломи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, интиқоли Вагнер ба Беларус бахше аз тавофуқи ӯ ва Александр Лукашенко, раисҷумҳурии ин кишвар пас аз поёни шӯриши нофарҷоми моҳи гузаштаи ин гурӯҳ ба раҳбарии Евгений Пригожин буд.
Станислав Жарин, муовини вазири хадамоти вижаи Лаҳистон гуфт: “Варшава низ ҳузури нерӯҳои Вагнер дар Беларусро таъйид мекунад. Ба назар мерасад садҳо нафар аз шибҳинизомиён дар он ҷо бошанд.”
Лаҳистон дар моҳи ҷорӣ эълом кард, ки барои муқобила бо ҳар гуна таҳдиде нерӯҳои худро дар марзи Беларус тақвият мекунад.
Агарчи Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус то кунун нерӯе ба Укроин эъзом накардааст, аммо дар феврали 2022 ба Маскав иҷоза дода то аз хоки Беларус барои таҳоҷуми низомӣ ба Укроин истифода карда ва ҳамчунин таслиҳоти ҳастаии худро дар ин кишвар мустақар кунад.
Пружаи “Ҳаюн”-и Беларус, ки бар фаъолиятҳои низомӣ дар ин кишвар назорат мекунад ва тавассути Минск ба унвони ташкилоти ифротӣ шинохта мешавад, мегӯяд, ки корвони дарозе муташаккил аз дасти кам 60 худрав шаби ҷумъа аз Русия вориди Беларус шуданд. Ин худравҳо, ки шомили чандин мошини боркаш ва автобус буданд, бо пуле ки ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанскро мепайвандад ҳаракат мекарданд.
Ба гузориши “Ҳаюн”, мақсади ин худравҳо маркази Беларус будааст. Ҳафтаи гузашта низ гузоришҳеи мабнӣ бар поягузории урдугоҳе шомили садҳо чодари холӣ дар ин макон мунташир шуда буд.