CPJ (Committee to Protect Journalists) ё Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, ки дар Ню-Йорки Амрико мустақар аст, бори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон хост рӯзноманигорону блогерони зиндониро озод кунад. Дар ду ҳафтаи моҳи июл бори чандум аст, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои демократӣ бо дархостҳое монанд ба ин ба режими Раҳмон муроҷиъат мекунанд, аммо режим ё камтарин вокунише намекунад ва ё баръакси ин дархостҳо амал менамояд.
Се рӯз қабл (11 июл) Комисиюни ҳуқуқи башари Том Лантос дар Конгресси Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро фавран ва бе қайду шарт озод кунад.
10 рӯз қабл (4 июл) Созмони Милал ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистонро интиқод кард ва аз ҳукумат хост барои беҳтар кардани вазъи онҳо ба созишномаҳои байналмиллалии имзокардааш амал кунад. Ин созмон бо муроҷиъат ба мансабдорони тоҷик гуфт “ҷиноят шумурдани кори ҳомиёни ҳуқуқ ба уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон созгор нест.”
Ҳамагӣ баъди як рӯзи талаби Комисиюни ҳуқуқи башар дар Конгресси Амрико мабнӣ бар озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти Бузургмеҳр Ёров, мақомоти Тоҷикистон ӯро ба 10 соли дигари зиндон маҳкум карданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан вакили шинохтаи тоҷик дар пайи се мурофиъаи додгоҳӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин чаҳорумин айбнома ва ҳукми ӯст ва бо пушти сар гузоштани 8 соли зиндон то имрӯз, Ёров бояд 30 соли дигар паси панҷара бимонад.
CPJ дар баёнияаш хостори озодии фаврии Улфатхоним Мамадшоева, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом ва Хуршед Фозилов шудааст. Бори аввал нест, ки ин созмон талаби озодии хабарнигорону блогеронро мекунад. Ҳамчунин созмони дигари маъруфи ҳуқуқи башар ва журналистӣ, аз ҷумла Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Фаронса ҳамин гуна дархостҳо аз ҳукумати Тоҷикистон карда буданд.
Аммо чаро режими Раҳмон дар ин авохир камтарин вокунише ба ин гуна изҳороту дархостҳо намекунад?
Зафари Сӯфӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик, ки баъди таъқибҳои режим дар Аврупо паноҳанда шудааст мегӯяд “вокуниши созмонҳои байналмилал дар ҳамин сатҳи баёнияву изҳори таассуф ва нигаронӣ асту бас. Манзурам меконизме вуҷуд надорад, ки ҳукуматҳои диктотурие мисли режими Тоҷикистонро водор ба анҷоми пешниҳоду дархостҳои ин созмонҳо кунад”.
“Аз интиҳои ҷанги сард то чанд сол пеш, Ғарб бо арзишҳояш дар ҷаҳон сухани аввалро мегуфт ва ин вазъияти яккақутбӣ дар чанд соли ахир бахусус пас аз ҳуҷуми Русия ба Украина мутазалзил шуд. Ин боис шуд, кишварҳое хурде мисли Тоҷикистон, ки вобастаи кумакҳои ҳангуфти кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, нисбати талабот ва пофишориҳои созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башарӣ, ки авомили тарғиби арзишҳои ғарбӣ, аз ҷумла ҳуқуқи башар, ҳастанд, бетаваҷҷуҳӣ кунанд” — мегӯяд ӯ.
Ӯ низ ба адами меконизми фишор таъкид мекунад ва мегӯяд “ҳоло Ғарб ва созмонҳои бонуфузи вобаста ба он мисли пеш дар вазъияте нестанд, ки фишори кофӣ ба кишварҳои худкома биоваранд”.
Ба гуфтаи Файзраҳмонов “аз як су, кишварҳои ғарбӣ даргири ҷанги Украинаву Русия ҳастанд ва намехоҳанд дар ин вазъият бо ҳама даргир шаванд, бахусус аз аждаҳои чинӣ, ки рӯз ба рӯз қавитару махуфтар мешавад ва ҳамаро бо оромӣ аз наздик пайгирӣ мекунад, нигаронанд. Аз суи дигар, кишварҳои ғарбӣ бо ҳар роҳе мехоҳанд аз кишварҳои ОМ дилҷуӣ кунанд, то Русияро дар ин ҷанг заифтар кунанд”.
Ин масъули бахши равобити хориҷии эътилофи мухолифони тоҷик таъкид мекунад “кишварҳое мисли Тоҷикистон ба кумакҳои ғарбӣ ниёз доранд, вале ҳамзамон дарк мекунанд, ки кишварҳои ғарбӣ дар ин вазъият ин бетаваҷҷуҳии онҳоро дар баробари поймолшавии ҳуқуқи башар таҳаммул хоҳанд кард”.
Қаблан тавсия ё ҳатто радабандии созмонҳои ҳуқуқибашарӣ ва рӯзноманигорӣ боис мешуд Ғарб алайҳи кишварҳое, ки дар он ҳуқуқи башар нодида гирифта мешавад ва ё журналистон таҳти таъқиб қарор мегиранд, таҳримҳое ҷорӣ созад. Ҳоло ҳатто дархосту талаби ин созмонҳо мабнӣ ба таҳрими бархе кишварҳову мансабдорон аз тарафи Ғарб нодида гирфита мешавад.
Зоҳиран институти ҳуқуқи инсон ва озодии баён вориди марҳалаи наве мешавад, ки дурнамояш комилан норӯшан аст.