Соли 2022 ҳаҷми додугирифти хориҷии Тоҷикистон бо афзоиши 25,1 дарсадӣ ба 7 млрд 512,9 млн доллар расидааст, ки нисбати як соли қабл 1 млрд 508,2 млн бештар аст. Соли 2021 муомилоти молии Тоҷикистон бо хориҷ 5,5 млрд.ро ташкил дода буд.
Дар ин бора рӯзи 15 феврал муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Ҳайдар зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Афзоиш ҳарду самти додугирифти хориҷӣ — воридот ва содиротро фаро гирифта, суръати афзоиши содирот бештар будааст: ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар ин давра 5 млрд 182,9 млн долларро ташкил дод, ки 965 млн доллар ё 22,9% бештар нисбат ба соли 2021 аст. Содирот ба беш аз 2,3 млрд доллар баробар шудааст, ки 543,1 млн доллар ё худ 30,4% бештар нисбати 2021 мебошад.
Ҳарчанд Тоҷикистон бо 109 кишвари саросари дунё муомилоти воридоту содироти молу маҳсулот анҷом додааст, аммо бахши асосии он Русияву Чин ва ҳамсояҳо пайванд мехӯрад.
Мақомоти гумрук номгӯ ва маблағи молу маҳсулоти содирот ва воридотшударо номбар карданд, аммо он ҳатто ба 50 дарсад нарасид. Дар бахши содирот дарсад ва маблағи молу маҳсулот ба таври зер номбар гардид:
— минерал ва консентратҳо — 31,4% ($730,8 млн);
— алюминий — 6% ($139,9 млн);
— неруи барқ — 4,6% ($106,8 млн);
— сабзавоту мева — 2,2% ($51,5 млн);
— семент — 1,9% ($44,4 млн) ва дигар молу маҳсулот.
Дар умум ин номгӯ танҳо 46 дарсади содиротро фаро мегирад. 54 дарсади он чи намуд молу маҳсулот аст, зикр намешавад. Ду сол қабл 68 дарсади содироти Тоҷикистонро сангу металҳои қиматбаҳо, аниқтараш тилло ташкил дода буд ва бархе коршиносон тахмин мезананд шояд соли 2022 ҳам бахши аъзами содирот ба тилло бастагӣ дошта бошад. Дар ҳамин ҳол бархе дигар ба ин назаранд қбалан Тоҷикистон фурӯши тиллоро ҳамчун “сангу металлҳои қиматбаҳо” эълон мекарданд ва қисми зикрнашудаи содиро шояд кадом маҳсулоти стратегии дигар бошад, ки пинҳон аз чашми ҷаҳон ва мардуми кишвар ба “шарикони стратегӣ” ва “ҳамсояҳои наздик” фурӯхта мешавад.
Ин нишондиҳанда дар бахши воридот боз ҳам ҷолибтар аст. Молу маҳсулоти асосие, ки ба гуфтаи Хадамоти гумрук ба кишвар ворид шудааст иборатанд аз:
— маҳсулоти нафтӣ — 13,2% ($681,6 млн);
— гандум — 5,3% ($329,1 млн);
— автомашинаҳои сабукрав — 4,5% ($234 млн);
— маҳсулоти чӯбу тахта — 2,2% ($114,8 млн);
— нуриҳои минералӣ — 1,6% ($80,4 млн) ва ғайра.
Дар умум ин номгӯ 27 дарсади воридотро ташкил медиҳад. 73 дарсади воридоти кишварро кадом намуди молу маҳсулот шакл додаанд, номаълум боқӣ мемонад ва суолест, ки бояд мақомот ба он посух диҳанд.
Аз ҳаҷми умумии молу маҳсулоти ба кишвар воридшуда 30,6%-аш ба Русия, 18,5% — ба Қазоқистон, 16,2% — ба Чин, 7,6% — ба Ӯзбекистон ва 3,3% — ба Туркия рост меояд.
Ба гуфтаи Азим Ҳайдар, дар робита ба шиддат гирифтани вазъ миёни Русия ва Украина, воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо зиёда аз 90,1 млн доллар кам шудааст.