Categories Хабарҳо

Ҳукумат буҷаи 2020-ро тасдиқ кард

Ҳукумати Тоҷикистон  қарор дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022-ро қабул кард

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки қисми даромади умумии буҷаи давлатӣ барои соли 2020 дар ҳаҷми 26миллиарду 100 миллион  сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур хароҷоти буҷа 26 милларду 400 миллион сомониро ташкил хоҳад дод.

“Касри буҷаи соли 2020 ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ,  ё ба маблағи 349 миллиону 500 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Бар асоси лоиҳаи қонуни буҷа барои соли 2020, ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода шуда, соли оянда дар ин соҳаҳо масраф намудани 11 миллиарду 700 миллион сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29 миллиарду 100 миллион  ва 31 миллиарду 500 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар буҷети соли 2020 пешбинӣ шудааст, вазифадор кард.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *