Рӯзи якуми ноябр даҳҳо нафарро, ки бо ҷурмҳои гуногун дар зиндони низомаш сангини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон буданд, бар асоси қонуни афв озод шудаанд.
Тавре Давлатҷон Тағоев, як масъули додситонии вилояти Хатлон, ба хабарнигорон гузориш дод, “30 нафар озод карда шуданд. Дар миёни онҳо ду ноболиғ, як зан ва як марди аз ҳафтодсола боло низ ҳастанд.
Гуфтанист, қонуни афв ҳафтаи гузашта ба иҷро даромад ва мақомот гуфтанд, бар асоси он бояд 7 ҳазор зиндонӣ аз маҳбасҳо раҳо карда шаванд. Шумораи умумии онҳое, ки то ин дам аз зиндонҳо озод шудаанд, маълум нест.
Дар маҷмуъ қонуни афв нисбат ба 20 ҳазор нафар татбиқ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, афв қабл аз баргузории интихоботҳои порлумониву президентӣ сурат мегирад, ки як ҳадафаш эҳтимол дилгарм кардани сокинон ба мақомот аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи онҳо, дар чанд соли ахир зиндонҳои кишвар аз маҳбусон пур шудааст, ки таъмину нигаҳдории онҳо кори саҳл нест.