Рубрики Хабарҳо

Мухлисони дастаи Леверпул: “Барои Салоҳ мусалмон мешавем”

Шаби гузашта мухлисони дастаи Ливерпул, бозингари ин даста Муҳаммад Салоҳи мисриро бо шиори “барои ту мусалмон мешавем” рӯҳбаланд намуда, сурудхони кардаанд.

Тарҷумаи он шиор ки мухлисони ин даста ба шакли суруд мехонданд ва навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, чунин аст: «Муҳаммад Салоҳ барои ман гол мезанад, барои ту гол мезанад, агар голи бештар ба ҳадаф расонад, ба наздики мусалмон мешавам».

Дар ин бозӣ ки дар даври шонздаҳуми бозиҳои қаҳрамонҳои Аврупо баргузор шуд, шоми дирӯз дастаи “Порту”- и Португалия дастаи “Ливерпул”-и Англияро ба меҳмонӣ пазируфт.

Муҳаммад Салоҳ маҳорати хубе намоиш дод ва бар се голи рафиқаш Садю Ман голи дигаре изофа кард, ки боиси хушнудии мухлисон гардид.

Бозӣ 5 бар сифр ба фоидаи дастаи Ливерпул анҷом ёфт. 

Наворро инҷо бубинед:

https://twitter.com/seangriff123/status/963809400468238337/video/1

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *