Абусаъиди Худрӣ (р) нақл мекунад, ки Паёмбари Худо (с) аз бодиянишине қарз гирифта буд, марди саҳронишин назди Паёмбар (с) омада, дархост намуд, ки қарзашро баргардонад. Ва бар Паёмбар сахтгирӣ мекард. Марди саҳронишин ҷониби Паёмбар (с) мегуфт: То қарзамро адо накунӣ, туро раҳо нахоҳам кард ва бар ту фишор хоҳам овард! Ёрони Расули Худо (с) ин ҳолатро дида, хостанд ӯро сарзаниш намоянд. Ба ӯ гуфтанд: Вой бар ту! Медонӣ бо ки суҳбат дорӣ?! Он мард гуфт: Ман ҳаққамро талаб дорам. Паёмбар (с) ба ёронаш гуфт: “Чаро бо ӯ чунин бархӯрд мекунед?! Шумо бояд ҳамроҳи соҳиби ҳақ бошед!” (ва ӯро барои гирифтани ҳаққаш кумак намоед!)
Сипас нафареро назди Хавла духтари Қайс фиристода аз ӯ дархост намуд: “Агар хурмо дошта бошад, бароям қарз бидиҳад, то вақте, ки хурмо дарёфт кунем ва қарзашро баргардонем.” Хавла баъди шунидани пайғоми Расули Худо(с) гуфт: “Оре дорам. Падарам фидоят эй Паёмбари Худо(с)!” Сипас барои Паёмбари Худо (с) миқдоре Хурмо қарз дод. Паёмбар(с) қарзи марди саҳронишинро баргардонид ва ин ӯро меҳмондорӣ намуда таъом дод. Марди саҳронишин баъд аз гирифтани қарзаш ба Расули Худо гуфт: Қарзамро барзиёд адо кардед! Худованд бароятон подоши нек бидиҳад!
Баъд аз он Расули Худо(с) фармуданд: “Ин навъ шахсон, беҳтарини инсонҳо ҳастанд. Зеро ҳар қавму миллате, ки заъифони он натавонанд ҳақашонро соҳибӣ кунанд ва натавонанд ҳуқуқҳои худро (аз қудратмандону роҳбарон) бидуни он ки бар онҳо зарару мусибате ворид гардад, бигиранд, ҳеҷ гоҳ соҳиби иззату шараф нахоҳад шуд.”
Чанд паём дар як ҳадис
Паёмбари Худо (с) дар ин қисса бо як бархӯрди паёмбарона ва ҳакимона ба атрофиёни худ, чанд паём ва роҳнамоиҳои муфид медиҳад.
Аз ҳама паёми муҳим дар инҳадис он аст, ки Паёмбар(с) мақом ва манзалати як роҳбари воқеъи ва дилсӯзро барои онҳо ба намоиш мегузорад. Як роҳбар ва пешво бояд бо раъият ва шаҳрвандони кишвараш чӣ гуна муомила дошта бошад, фосилаи байни як роҳбар бо мардум чӣ қадар бошад, бо мардумаш бо кадом восита тамос бигирад, бо афроди наздик ба худаш аз кадом роҳ ворид гардад, ҳарфу гуфтаи онҳоро бар асоси кадом меъёр қабул ва ё рад намояд, барои пазириши суханон ва пешниҳодоти онҳо адолат ва ҳақиқатро меъёр қарор бидиҳад ва ё қаробату ҷойгоҳи онҳоро дар назар бигирад.
Чунончӣ дар қисса дида мешавад суханони соҳиби ҳақро бар гуфтаҳои атрофиёнаш ва ҳатто бар худаш тарҷеҳ медиҳад ва ӯро дар гуфтан ва талаби ҳаққаш озод мегузорад ва касонеро, ки монеъи ӯ мешаванд, сарзаниш мекунад. Дар охир аз шахсоне, ки барои ситонидани ҳаққи худ талош намуда, аз ҳеч касе ибо намекунанд, ситоиш менамояд ва сирри сарфарозӣ, сарбаландӣ ва иззату шарофи ҳар миллатеро марбут ба он медонад, ки заъифони он миллат тавонанд ҳуқуқҳои худро аз нерӯмандон биситонанд.
Ман ҳаққамро мехоҳам
Ин суханро бодиянишине дар ҳузури Расули Худо(с) ва асҳоби ӯ ҳангоме мегӯяд, ки ёрони Расули Худо мехоҳанд ӯро ба хотири сахтгӯияш нисбати Расули Худо(с), сарзаниш намоянд. Ин сухане буд, ки Паёмбари Худо дӯст дошт аз умматонаш бишнавад ва дар оянда ҳақгӯи ва ҳақиқатхоҳиро шиъори ҳамешагиашон қарор бидиҳанд. Аз ин хотир ёронашро танҳо ба хотири он ки ба бодиянишин гуфтанд, адабро риъоя кун, зеро тарафи ту Паёмбари Худо (с) аст, сарзаниш карда мегӯяд: Аз шумо чунин интизорро надоштам, ки соҳиби ҳаққеро ба хотири он ки ҳаққашро талаб дорад, маломат кунед, балки вазифаи шумо медонам, ки соҳибони ҳақро дастгирӣ ва ҳимоят намоед ва барои гирифтани ҳаққашон кӯмак кунед! Ҳатто агар тарафи соҳиби ҳақ Паёмбар(с) ҳам бошад.
Аммо мутаассифона имрӯз ин хостаи Паёмбари Худо (с)-ро мо мусалмонон (ба хусус мо мардуми Тоҷикистон) қариб ки фаромӯш кардаем ва агар нафаре ёфт шаваду бихоҳад ҳуқуқҳои худро талаб кунад, сад намуд тамға бар гӯшаш овезон мекунанд ва аз ҳар тараф борони маломат бар сараш меборад. Агар боз ҳам ҷуръат намуда пештар қадам гузорад, ҳатман тавре бо ӯ бархӯрд мекунанд, ки дигар аз ҳамон доштагиаш мемонад. Имрӯз садҳо нафаре, ки пушти панҷараҳои зиндон ҳастанд ва ҳазорҳои дигар, ки аз ватанҳояшон ронда шуданд, ҷурмашон танҳо ҳамин буда, ки мехостанд аз ҳуқуқҳои худу ҳаммилатони худ дифоъ намоянд.
Агар хурмо дошта бошад бароям қарз бидиҳад
Фиристодаи Расули Худо (с) бо ин ҷумла ба назди Хавла духтари Қайс меравад. Ин қисмати ҷумла ниёз ба диққат дорад: “Агар дошта бошад..” Пешво ва роҳбари одил ҳангоми сахтиҳо ва ниёзмандияш аз шаҳрвандони худ кӯмак мехоҳад, назди ӯ ҳамаи шаҳрвандон марду зан баробаранд. Бо ин ҳол касеро водор ба коре намекунад, ки тавонашро надошта бошад, балки бо ниҳояти адаб ва лутфу меҳрабонӣ мегӯяд: “Агар дошта бошад..” Аз ин ҷост, ки раъият ва шаҳрванд мехоҳад тамоми ҳастияшро барои чунин роҳбаре фидо кунад ва барои пешрафти меҳанаш ҳар коре аз ӯ хоста шавад анҷомаш бидиҳад.
Аммо имрӯза роҳбарон ва ҳокимон тамоми дороиҳои миллатро дар ихтиёр доранд ва чӣ тарзе мехоҳанд истифода мебаранд ва агар лозим шавад ба сарватҳои хусусии мардум ҳам дастдарозӣ мекунанд ва бар болои он онҳоро гунаҳгор ҳам мекунанд.
Ин гуна афрод беҳтарин инсонҳоянд
Дар ин ҷумла Паёмбари Худо афродеро, ки барои ба даст овардани ҳуқуқҳояшон талош мекунанд, ситоиш мекунад ва онҳоро аз беҳтарин инсонҳо мешуморад. Дар бисёре аз ҳадисҳои Расули Худо (с) ин мазмун ба чашм мехӯрад, ки пайравонашро ба ҳақталошӣ ва ҳақгӯи тавсия ва амр мекунад. Дар ҷое мефармояд: “Набояд ҳайбати мардум ҳеҷ мардеро аз гуфтани сухани ҳаққе, ки медонад ва ё шунидаасту дидааст боз дорад.” Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Аҳмад.
Дар ин ҷумла намунаи як роҳбари одил ва ғамхор ба тасвир кашида шудааст. Роҳбаре, ки омодагии шунидани ҳамагуна интиқоду эътирозро дорад ва мардумашро дар гуфтани сухани ҳақ озодии комил додааст ва баъди шунидани суханҳои онҳо аз пайи бароварда сохтани хостаашон мешавад. Бо вуҷуди он ки сахт мегӯяд ва дар байни мардум бо сароҳат ва бо садои баланд ба Паёмбар (с) мегӯяд: “То ҳаққамро аз шумо наситонам шуморо раҳо нахоҳам кард” ,Паёмбари Худо (с) бо ӯ бо меҳрубонӣ бархӯрд намуда, талабашро бароварда сохта, аз ӯ пазироӣ мекунад ва ба хотири талошаш аз ӯ ситоиш менамояд. Чун роҳбари одил ва хидматгори мардум хуб медонад, ки хақталошии чунин инсонҳо асоси назму низом дар ҷомеъа ва аз байн барандаи фасоду нобаробариҳост.
Аммо роҳбарони имрӯза тавони шунидани андак эътирозро надоранд ва байни онҳо ва мардум садди сунъие қарор гирифтааст, ки бо вуҷуди ин ҳама пешрафтҳои техникӣ монеъи расидани садои мардум ба онҳо шудааст. Роҳбарони имрӯза танҳо дар фикри таърифу тавсифи худ ҳастанд ва ҳама пешравиҳо ва дастовардҳои кишварро ба худ нисбат медиҳад ва халқро ҷуз хидматгор ва шукргузоре беш намедонанд.
Миллате, ки заъифонаш натавонанд ҳаққашонро аз нерӯмандон биситонанд, чунин миллате ба изатмандӣ ва қадосат намерасад
Дар ин ҷумла Паёмбар яке аз муҳимтарин асосҳои зиндагии шарофатмандона ва беолоишро поягузорӣ мекунад. Ба бароварда сохтани ниёзмандиҳои шаҳрвандон даъват намуда, роҳи расидан ба покиву изатмандиро барои роҳбарон ва пайравони онҳо нишон медиҳад.
Дар ин бахши ҳадис сухан бештар ба ҷониби шаҳрвандон ва мардум равона шудааст, хусусан мардуми мазлум ва зиъифи ҷомеъа, ки бештар ҳуқуқашон аз ҷониби роҳбарон ва нерӯмандон поймол ва нодида гирифта мешавад. Агар ин қишри мардум дар ҷомеъае дасти кӯтоҳ дошта бошанд ва ҳарфашон ба ҷое нарсад, масъулин ва соҳибони умур ба хостаҳои онҳо расидагӣ накунанд ва дар зимн худи онҳо ҳам барои ситонидани ҳаққашон талош нанамоянд, чунин ҷомеъаҳо ҳамеша дар ботлоқи фасоду ноадолатиҳо дасту поча мезанад ва ҳокимону роҳбарон бо тазвиру дурӯғ ва бо зарби зӯр болои мардум ҳукумат мекунанд. Итоаати мардум аз ҳокимон дар чунин ҷомеъаҳо аз ночорӣ ва маҷбурӣ буда, ин қисм роҳбарон ва ҳокимон ҳамеша мавриди мазаммат ва нафрини Худову Паёмбар(с) ва халқи Худо қарор мегиранд.
Расули Худо мефармоянд: “Дар охири замон амирону ҳокимони золим, вазирони фосиқ, қозиҳои (муфтиҳои) хоин ва фуқаҳо ва олимони дурӯғгӯй меоянд. Ҳар касе аз шумо он замонро дарёбад, набояд нависанда, донишманд, хазинадор ва муҳофизи онҳо шавад.” Мафҳуми ҳадис. Бар асоси ин роҳнамоии Паёмбар(с) ҳар ҷомеъае, ки мехоҳад, ба пешравӣ ва зиндагии осоишта даст ёбад, бояд пеши роҳи чунин ҳокимон мисли кӯҳ биистанд ва онҳоро маҷбур созанд пеши хостаҳои мардум ба зону бизананд. Агар омодаи пазириши талаботи мардум нестанд бояд аз сари ҳокимият канор бираванд, то нафароне сари қудрат биёянд, ки ғамхори мардум ва хидматгузорӣ онҳо бошанд.
Тамоми донишмандони исломӣ иттифоқи назар доранд, ки насиҳати ҳоким ва аз роҳи каҷ гардонидан ва ба самти дуруст ҳидоят кардани он воҷиб аст, балки муҳосаба ва муҳокамаи ҳокимонро амри лозим ва зарурӣ медонанд. Ҳол он ки дар ҷомеъаи имрӯзаи мо шабу рӯз ҳокимон даст ба хатогиҳо мезананд ва касе ёфт намешавад аз онҳо ҳисобот пурсад.
Ҳокимон дар ҷомеъаҳои мо — паноҳ бар Худо — ҳукми Худоро гирифтаанд. Ҳар коре мекунанд мухторанд ва касе аз онҳо суол намекунад, ки чаро чунин кардед.
Ё дар ҳукми паёмбаронанд ва пок аз гуноҳу хато.
Исломҷон Саид