11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Афзоиши дархости муҳоҷират ба Русия

Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, муроҷиати тоҷикистониён барои кӯчидан ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад афзудааст

Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2019 ба намояндагии Русия оид ба муҳоҷират, беш аз нӯҳ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Тавре    хабар медиҳад, раҳбари намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон  Владислав Маркевич гуфтааст, дар доираи барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон сар аз моҳи январ то моҳи сентябри соли равон намояндагӣ беш аз ҳазору ҳаштсад дархостро ҳамроҳ бо аъзои хонавода наздики 7900 дархост қабул кардааст, ки дар қиёс бо соли 2018 – 24 дарсад бештар мебошад.

Бино ба гузориши Маркевич “Аз аввали ҳамин сол аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 1616 дархост ва ҳамроҳ бо аъзои оила – 6896 кас ширкаткунандаи барномаи давлатӣ шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 – 24 дарсад бештар мебошад. Ҳамчунин аз ин ҳисоб 1428 кас  бо ҳамароҳи хонавода – 5946 кас вориди Русия шудааст, ки 44% бештар мебошад”.

Раҳбари намояндагии ВКД Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки дархости шаҳрвандон дар доираи талаботи умумӣ пас аз баргузории машварат қабул карда мешавад.

Дар баробари ин зимни қабули шаҳрвандон ба барномаи кӯчидан, талаби бозори меҳнат, омодагии касбии муҳоҷир, таҷрибаи корӣ ва маҳоарт ба назар гирифта мешавад.

Маркевич илова кард, ки барномаи кӯчонидани ҳамватанон аз соли 2013 роҳандозӣ шудааст. “Дар умум оғоз аз соли 2013 ба намояндагии ВКД дар Тоҷикистон беш аз 81 ҳазор кас муроҷиат карда, то имрӯз 6 ҳазор кас   бо шумули аъзои хонавода 23641 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтааст”

Пештар Маркевич гуфта буд, ки дар байни ҳамаи давлатҳои ИДМ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар барномаи давлатии кӯчонидани аҳолӣ ба Русия афзалиятҳои назаррас доранд.

Бино ба гуфти Владислав Маркевич, раҳбари намояндагии  Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон, шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи низоми будубош ва ҳуқуқи кор дар қаламрави ин кишвар аз имтиёзҳои бештар бархурдоранд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *