Рубрики Хабарҳо

Идомаи эътирозҳо дар Лубнон бо фарохони корпартоии умумӣ

Андаке пас аз таҷаммӯъи шуморе аз ҳомиёни раисҷумҳур, ҳазорон мӯътаризи лубнонӣ бори дигар дар маркази Бейрут даст ба тазоҳурот заданд. Мӯътаризон ба ваъдаи ислоҳоти Мишл Авн беэътимоданд ва хостори корпатоии умумӣ шудаанд. 

Ба гузориши хабаргузории Ассошейтн пресс, мӯътаризони лубнонӣ, ки ба ваъдаҳои раисҷумҳури эътимод чандоне надоранд, чанд соат пас аз таҷаммӯъи ҳаводорони ӯ бори дигар дар маркази Бейрут даст ба тазоҳурот заданд. 

Тазоҳуркунандагон аз чанд рӯзи пеш алайҳи фасоди густурда дар миёни масъулони давлатӣ, суъимудирият ва нокоромади барномаҳои иқтисодӣ эътироз мекунанд ва хостори ислоҳоти бунёдӣ ва канор рафтани тамоми сиёсатмдороне ҳастанд, ки онҳоро фосид медонанд. 

Фарохони ба корпартоии умумӣ 

Тазоҳуркунандагон дар ҳаракатҳои эътирозии рӯзи якшанбе ин рӯзро “якшанбеи фишор” хонда ва барои як корпатоии умумӣ дар рӯзи душанбе фарохон додаанд. 

Мӯътаризон мӯътақиданд сохтори сиёсии Лубнон пас аз ҷангҳои дохилӣ байни солҳои 1975 то 1990 дучори инҷимод шуда ва қудрат дар байни гурӯҳе даст ба даст мешавад, ки ҳама дар густариши фасод ва буҳронӣ шудани авзоъи иқтисодии кишвар масъул ҳастанд. 

Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки ба эътирофи раҳбари он Ҳасан Насруллоҳ аз ҳимоятҳои молӣ ва низомии Эрон бархурдор аст, ҳамроҳ бо ҳизби Мишел Авн аксарияти курсӣҳои парлумонро дар ихтиёр доранд. 

Ин гурӯҳ “кишварҳои хориҷӣ”-ро ба доман задан ба нооромиҳо ва таҳрики мӯътаризон муттаҳам мекунад. Ин дар ҳолест, ки вазъияти иқтисодии ин кишвар аз солҳои пеш буҳронӣ ва таварруму бекорӣ дар он мудом рӯ ба афзоиш аст. 

Нерӯҳои Ҳизбуллоҳ алайҳи мӯътаризон 

Гуфта мешавад иддае аз нерӯҳои Ҳизбуллоҳ рӯзи якшанбе дар маркази Бейрут ба шуморе аз мӯътаризон ҳамла карда ва теъдоде аз чодарҳои онҳоро ба оташ кашидаанд. Дар рӯзҳои гузашта низ гузоришҳои мушобеҳе дар бораи ин гуна иқдомҳои нерӯҳои Ҳизбуллоҳ мунташир шуда буд. 

Мӯътаризони лубнонӣ эълом кардаанд, ки шомгоҳи якшанбе низ ба ҳаракатҳои эътирозии худ идома хоҳанд дод. То кунун дар бораи ин ҳаракатҳо гузорише мунташир нашудааст. 

Ба рағми таҷаммӯъи ҳаводорони Мишел Авн дар рӯзи якшанбе, мӯътаризон ӯро ҷузъе аз як “системи сиёсии фирқаӣ” медонанд, ки аз наздик ба ду даҳаи пеш то кунун қудратро миёни худ тақсим мекунанд. Раисҷумҳури Лубнон рӯзи панҷшанбе ҳушдор дода буд, ки ин кишвар дар як “нуқтаи атфи хатарнок” қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *