Рубрики Хабарҳо

Ӯзбекистон сарҳадҳояшро боз мекунад

Ӯзбекистон сарҳадҳои худро аз 1 октябр боз мекунад. Вуруд ва баромад тавассути гузаргоҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ иҷозат дода мешавад.

Тавре хабаргузории Podrobno.uz иттилоъ медиҳад,  Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии ин кишвар аллакай дар ин бора қарор содир кардааст.

Тибқи карор онҳое, ки тавассути ҳавопаймо ба Узбекистон меоянд, бояд  қоидаҳо ва талаботи беҳдоштиро риоя кунанд.

Ба шахсоне ба Ӯзбекистон иҷозаи вуруд дода мешавад, ки дар 14 рӯзи охир дар «кишварҳои сабз» буданд. Ба ин кишварҳо Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Маҷористон, Финляндия, Латвия, Австрия ва Ҷопон дохил мешаванд.

Ашхосе, ки ба Узбекистон аз «кишварҳои ҳадди шуйуи коронавирус зард» аст, ба мисли Озарбойҷон, Беларуссия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ба истиснои Бритониёи Кабир ва Испания меоянд, инчунин аз «кишварҳои  сурх», ҳамаи дигар кишварҳои ҷаҳон ба қаламрави Ӯзбекистон танҳо дар сурати мавҷуд будани озмоиши PCR-и манфӣ қабул карда мешаванд. На дертар аз 72 соат пеш аз парвоз бояд аз ташхис гузашта бошанд. Дар сурати мавҷуд набудани натиҷаи манфии санҷиш, мусофирон аз сабти ном барои парвоз маҳрум карда мешаванд.

Агар мусофире, ки ба Ӯзбекистон меояд, нишонаҳои коронавирус дошта бошад, вай дар фурудгоҳ аз ҳисоби худ санҷиш мегузаронад. Агар натиҷа манфӣ бошад, ӯ метавонад 14 рӯз ба меҳмонхона ё карантинхона равад. Ҳамаи мусофирони дигар низ барои карантини 14-рӯза ба хонаҳояшон фиристода мешаванд.

Агар натиҷа мусбат бошад, мусофир ба маркази карантин ё дар сурати дилхоҳ ба меҳмонхона аз ҳисоби худ фиристода мешавад.

Ба шахсоне, ки тавассути гузаргоҳҳои автомобилӣ ва пиёдагардон дар марзи Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Узбакистон ворид мешаванд, ҳамон шароити мусофироне, ки аз «кишварҳои сурх» меоянд, бархурд хоҳад шуд.

Онҳо бояд натиҷаи манфии ташхиси коронавирус ва карантини ҳатмии 14-рӯза дар меҳмонхона ё хона ниёз доранд. Дар сурати надоштани шаҳодатнома, онҳо бояд аз ҳисоби худ дар гузаргоҳ санҷиш супоранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *