Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи марказӣ ҷараёни омодагӣ ба вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки баргузориии он рӯзи 29-уми ноябр дар Тошканд дар назар аст, баррасӣ мекунанд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додаанд, гуфта мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз ба пойтахти Ӯзбекистон равона шуда, дар он ҷо бо роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаҳои омодагӣ ба вохӯрии сарони кишварҳои минтақаро баррасӣ мекунад.
Ба ҷуз ин, дар мулоқоти вазирон баррасии дурнамои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар назар буда, оид ба масоили муҳими Осиёи Марказӣ ва байнулмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули назар сурат мепазирад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29-уми ноябр дар Тошканд нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад ва дар он раисҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шакл аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо моҳи марти соли 2018 дар Остона пешниҳод гардида буд. Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд ҷамъ шаванд.