Рубрики Хабарҳо

Le journal du dimanche дар бораи сафари Раҳмон ба Фаронса

 Маҷаллаи маъруфи Фаронса “Le journal du dimanche” аз 7 ноябри соли 2019 матлаберо бо чоп расонидааст ба номи “Барои чӣ Эммануэл Макрон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳузур мепазирад” мутааллиқ ба қалами Франсуа Клемонсу (François Clemenceau).

Дар ин мақолаи на он қадар тӯлонӣ, муаллиф чанд нуктаро ёдрас кардааст. Муаллиф мегӯяд “Эммануэл Макрон рӯзи ҷумъа ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро қабул мекунад. Дар “меню”-и мулоқот равобити иқтисодии ду кишвар ва лоиҳаи бузургтарин сарбанд дар ҳавзаи Арал” мебошад”.

“Эммануэл Макрон рӯзи ҷумъа ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ҳамтои тоҷики худро қабул хоҳад кард. Охирин сафари Раҳмон ба Фаронса дар соли 2002 буд”- мегӯяд муаллиф. Ӯ аз Раҳмон ҳамчун” аппаратчӣ” ном гирифта мегӯяд “ин аппаратчии собиқ ИҶШС, ки ҳоло 67 сол дорад аз соли 1992 инҷониб дар сари қудрат буда дар ин муддат 4 маротиба интихоб ва “дубораинтихоб” шудааст.”

 Журналист аз таърихи ҳамкориҳои дуҷониба ёдовар шуда менависад: ” Дар давоми 10 соли ҳузури низомии Фаронса дар Афғонистон, пас аз ҳамлаҳои Ал-қоида дар 11 сентябр, Фаронса аз ин кишвар ба мақсади транзитӣ истифода бурд. Пас аз хурӯҷи низомиёни фаронсавӣ, ки бо тасмими раиси вақти Фаронса Франсуа Олланд сурат гирифта буд, равобит бо ин кишвари фақир (бо ҳаҷми ММД ҷои 150) суст шуд ва ҳоло Раҳмон мехоҳад онро эҳё карда, дастрасӣ ба кӯмакҳои иқтисодӣ ва молиявӣ пайдо кунад.

Аммо Фаронса чӣ ҳадафро ба думбол дорад?

“Фаронса – менависад Клемонсу, ба дунболи муҳкам кардани ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ аст ва ба лоиҳаи Роғун бо бузургтарин сарбанд дар ҷаҳон бо иқтидори 3600 мегаватт, ки 70% захираҳои оби ҳавзаи Аралро дар бар хоҳад гирифт таваҷҷӯҳ дорад”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нақша дошт бо созмони тоҷирони Фаронса пеш аз ворид шудан ба Қасри Елизей ин масъаларо ба миён гузорад.

Рӯзҳои душанбе ва сешанбе Раҳмон дар Форуми дуюми Сулҳ иштирок хоҳад кард. “Дар ҳоле, ки дар ин форум масалаи ҳуқуқи башар баррасӣ хоҳад шуд ва ин мавзӯъ яке аз нуқтаи заъфи режими тоҷик ба ҳисоб меравад” – қайд кардааст муаллиф.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *