Раисҷумҳури Афғонистон аз озодии шуморе аз аъзои аршади гурӯҳи Толибон аз ҷумла Анас Ҳаққонӣ бародари саркардаи шабакаи Ҳаққонӣ аз зиндонҳои ин кишвар хабар дод.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кобул эълом кард: Тасмим гирифтем Анас Ҳаққонӣ, Ҳофиз Рашид ва Ҳоҷӣ Молихон се зиндонии гурӯҳи Толибонро ба гунае машрут аз зиндон раҳо кунем.
Вай афзуд: Ҳадаф аз ин иқдом оғози расмии музокироти сулҳи миёни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон аст.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки ин иқдоми давлат, ба манзури раҳоии ду устоди донишгоҳи амрикоии Афғонистон, ки дар зиндонҳои Толибон ба сар бурда ва сиҳат ва саломати онҳо назди одамрабоён рӯ ба вахомат аст, сурат гирифтааст.
Тимати Викс шаҳрванди Амрико ва Квин Кинг табааи австралияӣ аз устодони донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар соли 2016 тавассути афроди мусаллаҳ дар Кобул рабуда шуданд.
Ин се узви аршади Толибон дар соли 2014 дар амалиёти бурунмарзӣ аз сӯи нерӯҳои амнияти Афғонистон дастгир ва зиндонӣ шуда буданд.