Гурезагони суриягӣ дар Норвеж ба пулиси ин кишвар бо дархости таҳқиқоти ҷиноятҳои ҷангие, ки аз ҷониби режими Сурия дар муддати беш аз 8 соли ҷанги шаҳрвандӣ анҷом шудааст, муроҷиат карданд.
Рӯзи сешанбе як созмони ҳуқуқи башари мустақар дар Берлин эълом кард аз додситонҳои норвежӣ хоҳиш кардааст, алайҳи мақомдорони баландпояи режими Сурия бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи инсоният, аз ҷумла қатлҳои ғайридодгоҳӣ, таҷовуз ба номус, латукӯб ва дигар намудҳои шиканҷа парванда боз кунанд.
Маркази аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсон эълом кард ҳамроҳ бо чаҳор созмони дигар аз номи панҷ қурбонии шиканҷа шикоят ирсол кардааст. Шикояткунандагон бо шарҳи тамоми ваҳшонияте, ки дар пӯсти худ дар даҳҳо зиндон таҷриба кардаанд шикоят намудаанд. Дар ариза талаб шудааст 17 мақоми баландпояи дастгоҳи амниятии Сурия, ки номҳояшон ҳам зикр шудааст, дастгир шаванд.
Ба хабаргузории Зе Гуардиан яке аз шикояткунандагон гуфтааст, “Ман то ҳанӯз аз паёмадҳои шиканҷа ранҷ мебарам. Ҳашт соли охир ман ҳатто ду соат хобида наметавонам. Ҳатто бо истифода аз ҳабҳои таскиндиҳанда ва хобовар, ман ҳамаи ончи дар зиндонҳо гузашта буд, соат ба соат аз сар мегузаронам.
Ин гом пас аз иқдоми таърихии Олмон, ки қаблан дар ҳамин моҳ ду афсари хадамоти махфии Сурияро ба ширкат дар шиканҷа, таҷовузҳои дастаҷамъӣ ва ҷиноёт алайҳи инсоният муттаҳам кард, гирифта шуд. Гумонбаршудагон Анвар Раслан ва Айёд ал-Ғариб ба ҳайси гуреза соли 2012 ба Олмон рафтаанд. Тахмин меравад, ки ҳарду дар зиндонҳои Сурия мансаби роҳбариро доштаанд ва дар куштори даҳҳо зиндонӣ даст доранд. Интизор меравад онҳо соли 2020 дар додгоҳ посух гӯянд.
Муҳокимаҳо дар мавзӯъҳои ба ҳамин монанд дар Фаронса, Суид (Шветсия) ва Утриш ҷараён доранд, чун созмонҳои ҳуқуқи башар кишварҳои аврупоиро маҷбур месозанд онҳоеро, ки дар ваҳшониятҳои ҷанги ҳаштсолаи Сурия даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашанд ва ба ин беназмӣ дар он кишвар хотима диҳанд.
Норвеж ҳам мисли Олмон доктринаи ҳуқуқии машҳур чун салоҳияти ҷаҳониро истифода мебарад, ки ба додситонҳову додрасҳои миллӣ ҳақ медиҳад алайҳи ҷиноятҳои ҳарбии содиршуда дар хориҷ ҳам парванда боз кунанд.
Ба ин монанд ҷиноёт чанд соли охир дар Тоҷикистон ҳам содир мешаванд. Даҳҳо ҳолати шиканҷа, таҷовуз, қатл ва ғайра собит ва расонаӣ шудаанд. Бар замми ин бино ба маълумотҳои таъйидшуда даҳҳо нафар гумоштагони режими Тоҷикистондар кишварҳои ғайр дигарандешон ва мухолифони сиёсиро ба қавле шикор мекунанд.
Мо аз оқои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон пурсидем, ки оё як чунин заминаи шикоят бурдан аз болои мақомдорони шиканҷагари тоҷик дар Аврупо вуҷуд дорад? Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба мо гуфт, ки шикоят нисбати шиканҷаи мақомдорон дар Аврупо таҷрибаи нав нест. Таҷриба нишон додааст, ки шикояткунандагон аз болои шиканҷаи мақомот дар додгоҳҳои Аврупо муваффақ ҳам шудаанд
Роҳбари Паймони милии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди тазйиқу фишор ва зуроварии зиёд болои шаҳрвандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсӣ ҳамеша дар Тоҷикистон то ин вақт кӯшиш карда буданд, ки масъалаҳои дохилӣ ба берун кашида нашавад ва дар дохил ҳал шаванд, Аммо, мутаассифона худи ҳукумат ҳамвора аз паи бадном кардани миллат шуд ва шаҳрвандони худашро дар арсаи байналмилал ба терористу экстремист бо фиристодани ҳаргуна руихатҳои сиёҳ бадном карда истодааст. Вақти он расидааст, ки дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон болои ин масъала кор кунанд.
Абдусаттор Бобоев, роҳбари кумитаи шҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ба Паём гуфт, дар ихтиёри ин кумита хеле шикоятҳо аз шиканҷаи мақомдорон нисбати дигарандешону мухолифони сиёсӣ ва ҳатто пайвандони онҳо ҷамъоварӣ шудааст. Кумита ин масъаларо ба таври ҷиддӣ омӯхта истодааст ва дар ояндаи наздик бо ҳамкорӣ бо созмонҳои дифои ҳуқуқи башар аз болои мақомдорони шиканҷагар ба Додгоҳҳои байналмилалӣ ва ҳам Аврупоӣ шикоят хоҳанд бурд.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон мавҷи ҷадиди фишору таъқиб ва таҳдиду бозпурсиҳои тӯлонии худ алайҳи наздикону пайвандони хеле аз мухолифони кунунӣ ва собиқи ҳукуматро дар дохили кишвар оғоз кардаанд.
Тавре рӯзноманигори тоҷик Амруллоҳи Низом дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ба фарқ аз давраҳои қаблӣ мақомот занону кӯдакони ноболиғро низ мавриди истинтоқ ва зери таҳдиду фишорҳои мухталифи худ қарор дода, алайҳи бархе аз онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардаанд.
Даҳҳо хонаводаҳо аз наздикону пайвандони мухолифонро мақомоти интизомии кишвар дар сар то сари Тоҷикистон мавриди фишору таъқиб ва таҳдиду бозпурсиҳои тӯлонӣ қарор додаанд.