Созмони ҳамкории Шанхай баъди ду ҳафтаи ҳодиса, ҳамлаи ҷангиёни созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон шаби 6 ноябр қотеъона маҳкум карданд.
Дар изҳороти рӯзи 19 ноябри Созмони ҳамкории Шанхай гуфта шудааст, ки ин ҳодиса зарурати амалҳои пайваста ва мунтазамро дар доираи Созмон оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои терроризм ва ифротгароӣ тасдиқ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 6-уми ноябр гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд. Тибқи маълумоти расмии сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона 15 нафар ҷангиён кушта, 5 нафар захмӣ ва асир гирифта шуданд.
Бино ба маълумоти таъйидшуда, дар ин ҳамла як нафар пулис ва 5 нафар сарҳадбон низ кушта шуданд, ки ному насаби онҳоро радиои Озодӣ нашр кард.
Созмони ҳамкории Шанхай созмони байнулмилалиест, ки соли 2001 бо ташаббуси сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Соли 2017 Ҳиндустону Покистон низ ба узвияти Созмон пазируфта шуданд.
Давлатҳои Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон кишварҳои нозири созмон ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарики Созмон мебошанд.