Коршиносони пажуҳишгоҳи амрикоии Heritage Foundation дар Индекси озодии иқтисод (Index of Economic Freedom) ба озодии иқтисоди 180 кишвари дунё баҳогузорӣ намуданд.
Муаллифони рейтинг сатҳи озодии иқтисоди Тоҷикистонро 52,2 балл арзёбӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ин нишондиҳанда 3.4 банд кам шуд. Ба ин тариқ, ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 33 зина поин рафта, дар мақоми 155 фаромад.
муаллифони рейтинг қайд мекунанд, ки “Иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст, лекин ҷумҳурӣ яке аз кишварҳои камбизоати Осиё боқӣ мемонад, ки аксар вақт рушдаш ба интиқоли пул аз хориҷи кишвар вобастагӣ дорад” .
Зинаи баландтаринро байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг Қазоқистон — мақоми 39-ум ишгол мекунад. Қирғизистон дар мақоми 81-ум ва Ӯзбекистон дар ҷойи 114-ум қарор доранд.
Туркманистон аз Тоҷикистон зинаи пасттар 170-умро ишғол намуда, Русия дар мақоми 94-ум ҷойгир шудааст.
Дар зинаҳои аввали ин раддабандӣ Сингапур, Гонконг ва Зеландияи Нав қарор дошта, зинаҳои охирро Куба, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ ишғол мекунанд.