Айбдоркунандаи давлатӣ дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ аз додрас барои Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов, (Абдураҳмон 09) 7 соли зиндон талаб кард.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ мурофиаи Маҳмадҷонова рӯзи 7-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шудааст.
Додситон дар ин мурофиа Маҳмадҷоноваро ба он муттаҳам кард, ки аз «Гурӯҳи 24» ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тарафдорӣ кардааст. Ба гуфтаи додситон, Шоҳида Маҳмадҷонова дар Ютуб дар зери наворҳои писараш «Абдураҳмон 09» ва ҳам як навори «Ислоҳ+» муқобили сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон шарҳ навиштааст.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова гӯё баъди моҳи майи соли 2021 ду бор дар Ютуб комментҳои зидди ҳукуматӣ навиштааст. Аз ҷумла, як шарҳи ӯ дар рӯзи президент навишта шудааст ва дар он ӯ дар нисбати раисҷумҳур ҳарфҳои таҳқиромез гуфтааст.
Шоҳида Маҳмадҷонова дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки «худро гунаҳкор ҳисоб мекунад ва аз кардааш пушаймон аст». Маълум нест, ки ин эътирофро ӯ ихтиёрӣ кардааст ё зери фишор.
Шоҳида Маҳмадҷонова афзуд, ки моҳи июни соли 2021 бародарашро, ки дар як қисми низомӣ кор мекард, аз кор барканор карданд. Наздиконаш ба Маҳмадҷонова гуфтаанд, ки бародараша ба хотири хоҳарзодааш «Абдураҳмон 09» аз кор озод шудааст.
Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки вақте ба манзили модараш омад ва аҳволи бародарашро дид, худро гунаҳкор ҳисоб кард. Вай ҳамчунин афзуд, ки дар оғози соли таҳсили 2021, вақте дид, ки бародараш дар хариди либосҳои мактабӣ барои фарзандонаш мушкилӣ дорад, асабонӣ шуд ва ин ду шарҳро дар Ютуб навишт.
Вакили дифои Шоҳида Муҳаммадҷонова аз додгоҳ хост, ки бо назардошти пушаймон будани зерҳимояти ӯ, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.
Додрас барои эълон кардани ҳукм ба хонаи машваратӣ рафтааст.
Писари ӯ Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи «Абдураҳмон 09» фаъол аст, аз Олмон барнома пахш карда, мақомотро дар заминаи сатру ҳиҷоб танқид мекард.
Вай се рӯз қабл ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти ду моҳ аз боздошти модараш, то ҳол пайвандон ӯро надидаанд.
Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон боздошти ӯро роҳи фишор ба дигарандешон номиданд. Мақомот чунин арзёбиро ҳамеша рад кардаанд.