Рубрики Хабарҳо

Дарахтони раисҷумҳурро “пешвозгирифта” хушкиданд

Аксар дарахтони ороишӣ ва сояафкани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб, ки моҳи сентябри имсол аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон боз шуда буд, хушкидаанд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар додааст.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти маҳаллӣ дар остонаи сафари раиси ҷумҳур саросемавор ҳаргуна боғу гулгаштҳо месозанд, аммо дере нагузашта, маконҳо валангору дарахтон хушк мешаванд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, замони ба истифода дода шудани  гулгашти Сафар Амиршоев дар Кӯлоб, ба гулгашт беш аз 600 дарахти ороишӣ ва сояафкан ва беш аз 650 ҳазор гули мавсимию доимӣ шинонда шуда буд.

Ҳоло беш аз ними дарахтони ороишӣ хушкидаанд ва касе парвои пулҳои харҷшударо надорад. Мақомот мегӯянд, дар боғсозии гулгашт тақрибан 15 миллион сомонӣ сарф кардаанд.

То замони бозсозии гулгашт дар ин макон дарахтони сояафкан ва ёдгорӣ барои афсарони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ҷойгир буд. Сокинон, аксар вақт дар сояи дарахтони бузург истироҳат мекарданд, аммо ҳоло аз он дарахтони пешина нишоне намондааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *