Агентии омори Тоҷикистон аз афзоиши додугирифти мол бо Афғонистон хабар дод, ки тайи 9 моҳ ба андозаи 40 дарсад зиёд шудаст
Тоҷикистон ва Афғонистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши беш аз 81 миллиону 500 ҳазор доллар гардиши молиро анҷом доданд, ки ин шумор дар муқойиса бо ҳамин давраи соли гузашта 40 дарсад рушдро нишон медиҳад. Тоҷикистон дар баробари содироти барқ ва семент фурӯши нахи пахтаро низ ба Афғонистон афзоиш додаст.
Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки гардиши савдои хориҷии кишвар тайи 9 моҳи соли равон беш аз 3 милларду 100 миллион долларро ташкил дод, ки қисми бештари онро воридот ташкил медиҳад
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, табодули бозаргонӣ дар ин муддат 1 миллиарду 621миллиону 700 ҳазор доллар манфӣ буд.
Тоҷикистон дар ин муддат бо 102 кишвари ҷаҳон гардиши молиро анҷом додааст ва Русия, Қазоқистону Чин шарикони аслии бозаргонии Ҷуммҳурии Тоҷикистон мебошанд.