Дар боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе баррасии парвандаи нави вакили шинохтаи тоҷик ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров шурӯъ шуд. Ин парвандаро додгоҳ ноҳияи Ваҳдат баррасӣ мекунад ва он чаҳорумин парванда алайҳи вакили маъруф баъди боздошташ аст.
Парвандаи ҷинояти чаҳорум алайҳи Бузургмеҳр Ёров, ки бо иттиҳоми “қаллобӣ” боз шудааст, бар пояи шикояти як маҳбуси зиндони шаҳри Ваҳдат шурӯъ шуда, онро Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боз карда буд.
Ширкати наздикони вакил дар ҷараёни мурофиъа манъ шуда, танҳо вакили дифоъи ӯ ҳақи ширкат дар онро дорад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр масъулини додгоҳи Ваҳдат ҳамагӣ 20 дақиқа пеш аз мурофиа ба хоҳараш Хосият Ёрова занг зада гуфтаанд, ки вакилро хабар кунад то дар мурофиа иштирок кунанд. Аммо ба суоли Хосият Ёрова, ки оё наздиконаш ҳам метавонанд дар мурофиа ширкат кунанд, аз додгоҳ посухи рад додаанд.
Ба гуфати Ҷамшуд Ёров маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов, алайҳи Бузургмеҳр ба ВКД шикоят карда гуфтааст, ки Ёров аз ӯ бо ваъдаи озодиаш аз маҳбас 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Ба гуфтаи он зиндонӣ ин пулро гӯё нафарони ӯ дар берун аз маҳбас ба наздикони Ёров додаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ нафар аз пайвандони Ёров дар робита ба ин масъала даъват ва пурсуҷӯ нашудаанд.
Бузургмеҳр Ёров дар як нома аз зиндон инро тӯҳмат номида, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯбарӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар мурофиаро диҳанд.
Аммо мисли парвандаҳои қаблӣ ин дархости маҳкумшаванда ҳам бе посух боқӣ монд ва ҳоло додгоҳ бе ҳузури шоҳидон ва наздикон дар ҳоли баргузорист.