Санадҳои махфие, ки Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажуҳишгар (ICIJ) дастрас кард ва сипас расонаҳои гуногуни кишварҳои ҷаҳон дар асоси онҳо матлаб нашр намуданд, нишон медиҳанд, чи гуна мақомоти Чин тамоми ҷанбаҳои зиндагии то се миллион одамро дар урдугоҳҳои бозтарбияи минтақаи Шинҷон назорат мекунанд.
Тибқи санадҳои ифшошуда, раҳбари амниятии минтақаи Шинҷони Чин соли 2017 дастурамалеро тасдиқ кардааст, ки аз андозаи мӯи сар то замони кушода ё баста шудани дарҳои урдугоҳҳоро танзим мекунад. Мақомоти Чин барои интихоби дақиқи сокинон ва боздошти онҳо барои интиқол ба урдугоҳҳои бозтарбия аз низоми ҳушманди чеҳрашиносӣ истифода мекунанд.
Пекин дар аввал таъсиси урдугоҳҳои мазкурро, ки ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар онҳо ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла уйғурҳо иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд, «марказҳои омодагии ҳирфаӣ» номида, гуфт, ба хотири пешгирӣ аз экстремизму терроризм таъсис шудаанд.
Бар асоси маълумот, ҳукумати Чин то кунун ду миллион ӯйғури мусалмон ба ҳамроҳи бархе дигар аз ақалиятҳоро бидуни тай шудани раванди қонунии лозим, боздошт карда ва талош дар «решакан кардан»-и фарҳанги онҳо дорад.
Минтақаи Шинҷон дар гузашта шоҳиди эътирозҳо ва боздоштҳо будааст ва суханони Си Ҷинпин баъд аз як ҳамлаи террористӣ дар ин минтақа эрод шудааст. Бар асоси гузориши «Ню-Йорк Таймз», ин санадҳо аз сӯи як узви Созмони давлатии Чин ифшо шудааст.
Моҳи гузашта 22 узви Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, Амрико рафтори ҳукумати Чин бо мусалмонони ӯйғур ва боздошти густурдаи онҳоро мавриди интиқод карор доданд.
Дар , , , ва моро пайгирӣ кунед!