Рубрики Хабарҳо

Тазоҳурот дар Қирғизистон алайҳи фасоди молии ҳукумат

Дар ҷумҳурии Қирғизистон алайҳи фасоди молӣ дар бархе сохторҳои давлатӣ аз ҷумла гумруки Қирғизистон эътирози мардумӣ сурат гирифт.

Тазоҳургарон аз ҳукумати Қирғизистон талаб намуданд, то собиқ муовини роҳбари гумрук Раҳим Матраимов боздошт шавад.

Гирдиҳамоӣ тақрибан соати 11:30 дақиқа оғоз ёфта то 1,5 соат тӯл кашид. Шаҳрвандони норизо аз кори сохтори гумруки ҷумҳурӣ ва алалхусус аз фасодкории собиқ муовини роҳбари гумрук  изҳори нигаронӣ намуда, талаб карданд, ки Раҳим Матраимов ба иллати даст доштан дар фасод боздошт шавад.

Гузашта аз ин эътирозгарон тақозо намуданд, ки ҳамаи ришваситонҳо боздошт ва равонаи зиндон  шаванд.

Гуфта мешавад, бо талаби ин дархостҳо ба кӯчаҳои Бишкек наздики 1200 нафар рехта, шиорҳо алайҳи ҳукумат бардошта, садо баланд мекарданд.

Илова бар ин, эътирозгарон корти зард ба давлат нишон доданд ва ба гуфтаи баргузоркунандагон пас аз корти зард корти сурх ба кор бурда хоҳад шуд.

Гирдиҳамоӣ бо хондани суруди миллии Қирғизистон оғоз шуд ва мӯътаризон беш аз 1 соат дар муқобили кохи раёсатҷумҳурӣ таҷаммӯъ карданд.

Мақомоти давлатӣ барои гуфтугӯ дар ҷамъи эътирозгарон зоҳир нашуданд ва таҷаммӯъ бидуни натиҷа поён ёфт.

Дар , , , ва    моро пайгирӣ кунед!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *