Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Тони Фергюсон 18-уми апрели соли 2020 набард хоҳад кард.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони ду каратаи UFC, дирӯз, 25- уми ноябр шартномаи муҳорибаро бо Тони Фергюсон ба имзо расонид.
Али Абдел менеҷери Ҳабиб дар саҳифаи Twitter-аш дар ин бора навишта, афзуд, ки муҳориба дар штати Бруклини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор хоҳад шуд.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов 7-уми октябри соли 2018 камарбанди қаҳрамони UFC-ро аз дасти Конор Макрегор, собиқ қаҳрамони UFC гирифта буд ва онро 7-ми сентябри ҳамин сол дар мубориза зидди Дастин Поре дар шаҳри Абу-Дабии Арабистони Саудӣ дубора ҳимоя намуд.
Ғолибияти Ҳабиб Нурмуҳаммадов алайҳи Пореро аксари ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта, ҳатто чандин соат роҳҳоро баста буданд.
Дар , , , ва моро пайгирӣ кунед!