11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Урдуғон: НАТО ногузир аст худро навсозӣ кунад

Раисҷумур Туркия эълом кард бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти рӯз НАТО ногузир аст худро навсозӣ кунад. 

Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумури Туркия пеш аз сафар ба Англия дар фурудгоҳи Анқара дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин ки бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти рӯз НАТО ногузир аст худро навсозӣ кунад, эълом кард: Мо интизор дорем, ки кишварҳои узв ба ҷойи ҷустуҷӯи гузинаҳои дигар, дар ростои тақвияти бештари НАТО дар баробари таҳдидоти муштарак талош кунанд. 

Вай ҳамчунин афзуд: 

Лозим аст тағйироте дар мавзеъи тамом кишварҳои узв нисбат ба муқобилаи қотеъона ва асосӣ бо гурӯҳҳои террористӣ эҷод шавад. 

Мо танҳо кишваре ҳастем, ки бо Доъиш дар Сурия мубориза қотеъона карда ва онро шикаст додаем. 

Агарчи бархе афрод бо суъи ният талош мекунанд узвияти мо дар НАТО-ро камранг ҷилва диҳанд аммо ҷойгоҳ ва мавзеъи мо дар он комилан возеҳ ва равшан аст. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *