Сорбон Латифов, паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикисто хабар додаанд, мусобиқаи мазкур аз 30 ноябр то 1 декабр дар шаҳри Нурсултон доир гардида, дар он 150 нафар варзишгар аз 13 кишвар иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгар: Сорбон Латипов дар самбои варзишӣ, Акмал Давлатов , Муҳаммад Гуреззода ва Шаҳром Шералиев дар самбои размӣ муаррифӣ намуданд. Танҳо ба Сорбон Латифов муяссар шуд, ки соҳиби ҷоиза гардад.
Ёдовар мешавем, ки Сорбон Латифов аввали моҳи ноябр дар Чемпионати ҷаҳон дар Корея дар самбои размӣ низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дар , , , ва моро пайгирӣ кунед!