Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон: 2 ҳазор доллар пора аз зиндониҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ

Баҳодур Исмоилзода, сардори Муассисаи ислоҳотии рақами 3/2 шаҳри Ваҳдат аз ҳар зидоние, ки мехоҳад аз шиканҷаҳои рӯзона эмин бимонад, солона $2000 доллар талаб мекунад.

Бино ба иттилои дарёфткардаи «Паём.нет» дар Вазорати адлияи Тоҷикистон, маҳбусони сиёсӣ ва мазҳабие, ки бихоҳанд дар зиндони рақами 3/2 шаҳри Ваҳдат (маъруф ба кирпичный) аз «СКЛОНКА»-як намуди шиканҷаҳои ҷисмонӣ ва равоние, ки махсуси тамоми зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабӣ аст, наҷот биёбанд, барои як соли халосӣ аз он, бояд ба сардори ин муассисаи ислоҳотӣ Баҳодур  Исмоилзода 2 ҳазор доллари амрикоӣ ришва пардохт кунанд.

«СКЛОНКА»: як намуди шиканҷае ҳаст, ки ҳама рӯза аз соати 6 субҳ то 9 шаб дар зиндонҳои Тоҷикистон алайҳи зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабӣ, бахусус мухолифони режими Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар иҷро мешавад.

Зиндонбонон дар ин муддат ҳар ду соат пас, зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабиро дар саҳни зиндон фаро хонда, зимистон дар болои «битон»-и хунук ва дар ҳавои сард зери барфу борон ва дар тобистон болои «битон»—и тафсону зери офтоби сӯзон нигаҳ медоранд ва маҳбусонро якнафарӣ мекунанд то рафта ба навбат имзо кунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Муасисаи ислоҳотии рақами 3/2, ки раисаш Исмоилзода Баходур мебошад, беш аз 1700 нафар зиндонӣ ҳузур дорад, аммо масъулин аз байни 1700 зиндонӣ танҳо 200 нафар маҳбуси сиёсӣ ва мазҳабиро интихоб ва рӯзона 8-9 маротиба бо намуди «СКЛОНКА» мавриди азобу шиканҷа қарор медиҳанд.

Зиндонбонҳои кишвар маҳбусони сиёсӣ ва мазҳабиро бо иттиҳоми қасди фирор аз зиндон 2 сол аст, ки бо ин намуди шиканҷа ҷазо медиҳанд. Маҳбуси сиёсии наҳзати исломӣ Махдуми Абдусаттор, ки ҳафтаи пеш як «сактаи қалбӣ»-ро пушти сар карда буд, бар асари чунин шиканҷаҳои бардавом аз по афтода буд, ки ҳоло ҳам пурра саломатиашро барқарор накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *