Рубрики Хабарҳо

Ӯзбекистон нишасти ҷаҳонии сулҳ барои Афғонистон баргузор мекунад

Ӯзбекистон омодагиашро барои мизбонии як нишасти ҷаҳонии сулҳ дар бораи Афғонистон, эълом кардааст.

Ба гузориши «Тулӯъ нюз» Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбекистон рӯзи якшнбе,  дар дидор бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар Теҳрон дар канори масоили дуҷониба, дар бораи Афғонистон низ гуфтугӯ кард.

Ҳарду тараф бар тамаркузи талошҳои ҷаҳонӣ барои оғози раванди гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон ва поён додан ба ҷанг аз роҳи гуфтугӯҳо, таъкид карданд.

Раисҷумҳури Эрон аз ибтикори Ӯзбекистон барои мизбонии як нишаст дар бораи сулҳи Афғонистон дар моҳи марти соли равони мелодӣ эъломи пуштибонӣ кард ва гуфт, ки умед аст то ин нишаст, сабаби кӯмак ба субот ва оромӣ дар Афғонистон шавад.

Ӯзбекистон дар сатҳи минтақа нисбат ба гузашта фаъолтар шудааст ва ин конфронс ҳам метавонад идомаи ислоҳоти Мирзиёев ба самти гуфтугӯҳо бошад.

Ӯзбекистон гуфтугу ва ислоҳотро аввал аз дохили худаш оғоз кард ва бо озод кардани бисёре аз мухолифони сиёсии пешини ин кишвар, Мирзиёев дар миёни мардуми минтақа аз маҳбубияти болое бархурдор шудааст. Баргузории ин конфронс метавонад мавқеъи Ӯзбекистонро дар минтақа тақвият бахшида, нуфузашро дар Афғонистон афзоиш диҳад.

Ӯзбекистон ҳам мисли Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва ҳамвора аз ӯзбектаборони Афғонистон ҳимоят кардааст. Дар ҳоли ҳозир сиёсати ин кишвар ҳамкорӣ бо давлати Афғонистон аст, вале манфиатҳои ӯзбектаборонро ҳам сарфи назар намекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *