11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Афзоиши нигаронӣ нисбат ба суқути Траблус, пойтахти Либия

Бо пуштибонии Русия пешравии нерӯҳои генерал Ҳафтар ба самти Траблус шитоб гирифта ва даргириҳо ба самти маркази шаҳр кашида мешавад. Фиристодаи вижаи Созмони милал дар умури Либия вазъияти пойтахтро бисёр нигаронкунанда медонад. 

Нерӯҳои таҳти фармони генерали бознишастаи артиш, Халифа Ҳафтар, ки худро “артиши миллии Либия” мехонанд ба пешравӣ ба самти Траблус идома медиҳанд. 

Ба гузориши хабаргузории Олмон, бо пуштибонии Русия пешравии ин нерӯҳо ба сӯи пойтахти Либия суръат гирифтааст. Давлати “ваҳдати миллӣ”, ки бар Траблус ва манотиқи маҳдуде аз Либия тасаллут дорад аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта мешавад. 

Ба гуфтаи Ғассон Салома, фиристодаи вижаи Созмони милал дар умури Либия, даргириҳои низомӣ дар ҳавмаи Траблус тайи даҳ рӯзи гузашта ба самти манотиқи шаҳрӣ кашида шудааст. 

Салома ба рӯзномаи итолиёии “Курирра дило саро” гуфта аз замоне, ки нерӯҳои русӣ ба ёрии низомиёни таҳти фармони генерал Ҳафтар омадаанд ҳамлаҳо ба Траблус шадидтар шуда ва ӯ “бисёр нигарон” аст. 

Нерӯҳои мавсум ба артиши миллии Либия бар бахши бузурге аз шарқу ҷануби кишвар тасаллут доранд ва аз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамла барои тасхири Траблусро оғоз кардаанд. Ин ҳамла кишвари ҷангзадаи Либияро бо буҳрони амиқтар ва печидатар аз қабл рӯбарӯ кардааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, нерӯҳои генерал Ҳафтар дар рӯзҳои гузашта ба мавозеъи нерӯҳои давлатӣ дар ҷануби пойтахт ҳамла кардаанд. 

Ширкати BPMC, ки ба ширкати нафтии давлатии вифоқи миллӣ тааллуқ дорад ва масъули таъмини сӯхти мавриди ниёзи пойтахт аст дар баёнияе эълом карда, ки ба далели шиддат гирифтани даргириҳои низомӣ тамоми фаъолиятҳои худ дар Траблусро мутаваққиф карда ва ҳамкоронашро ба манотиқи амн мунтақил кардааст. 

Либия аз замони суқути диктатори собиқ, Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 дучори буҳрони шадиде шуд, ки ҳамчунон идома дорад. Аз соли 2014 ду гурӯҳи мустақар дар Траблус ва дар шарқи Либия ҳар кадом контроли бахше аз кишварро дар ихтиёр доранд. 

Ташдиди буҳрон ва иттиҳом ба Русия 

Муҳаммад Сайёло, вазири хориҷаи давлати вифоқи миллӣ, аз ҷумлаи сиёсатмадороне аст, ки нисбат ба суқути Траблус ибрози нигаронӣ кардааст. Ў ба рӯзномаи итолиёии “Ла република” гуфта Русия сарбозоне ба Либия фиристода, ки аз ҷумла ба василаи паҳподҳои низомӣ аз нерӯҳои генерал Ҳафтар пуштибонӣ мекунанд. 

Ғассон Салома ва Муҳаммад Сайёло аз ҷумла ширкаткунандагон дар конфронси гуфтугӯҳои Медитарона буданд, ки рӯзи шанбе, ҳафтуми декабр дар шаҳри Рим, пойтахти Италия, баргузор шуд. 

Ҳудуди ду ҳафта пеш, Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико, Русияро ба пуштибонӣ аз нерӯҳои “артиши миллии Либия” аз тариқи эъзоми низомиён ва шибҳинизомиёни вобаста ба ширкатҳои хусусии русӣ муттаҳам кард. Сергей Лавров, ҳамтои русии Пампео, ин иттиҳомро тӯҳмат хонда ва онро такзиб кардааст. 

Фатҳӣ Пошо-Хо, вазири кишвари давлати вифоқи миллӣ, ҳудуд як моҳ пеш дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Блумберг, Русияро ба ҷангафрӯзӣ дар Либия ва талош барои бозгардондани бақоияи режими Қаззофӣ муттаҳам карда ва гуфта буд Маскав ба ҷойи кумак барои ёфтани роҳи ҳал ба буҳрон доман мезанад. 

Талоши Олмон барои миёнҷигарӣ 

Шуморе аз нозирон эҳтимол медиҳанд суқути эҳтимолии Траблус ба маънои хотима ёфтани даргириҳои низомӣ дар Либия нахоҳад буд ва мухолифони генерал Ҳафтар алайҳи ӯ ва нерӯҳои таҳти фармонаш вориди амал хоҳанд шуд. 

Ин нигаронӣ низ вуҷуд дорад, ки бо идома ва ташдиди даргириҳо дар Либия гурӯҳҳои ифротӣ назири “Давлати Исломӣ” (Доъиш) бори дигар дар ин кишвар фаъол шаванд. 

Олмон мекӯшад бо баргузории як “конфронси байналмилалии Либия” дар Берлин ба ҳали муноқиша дар ин кишвар шимоли Африқо ёрӣ расонд. То кунун таърихи дақиқи баргузории ин конфронс ва ширкаткунандагони он мушаххас нашудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *