11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Чаро посухи Бонки марказии Русия ва “Золотая Корона” хилофи ҳамдигаранд?

Бонки марказии Русия гуфтааст, ки ба Маркази протсессингии интиқоли пул дар Тоҷикистон пайвастани шабакаҳои интиқоли пулии Русия ба қонқнгузории ин кишвар мухолиф нест. Қаблан “Золотая Корона”, ки 82%-и ҳамаи интиқолҳо аз Русия ба Тоҷикистонро анҷом медод, иддаъои баръакс дошт ва сабаби напайвастанаш ба ин марказро ихтилоф бо қонунгузории Русия номида буд.

Хадамоти матбуотии Бонки марказии Русия, ниҳоди танзимгари бонкҳо ва ташкилоти молиявии ин кишвар, рӯзи 9-уми декабр дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки “Қонунгузории Русия ба шабакаҳои ирсоли пул, ки интиқолҳои фаромарзии маблағро амалӣ мекунанд, имкон медиҳад, ба Маркази протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон пайваст шаванд. Зарурате барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни федералии 161 вуҷуд надорад.” Дар ин бора манбаъ имрӯз иттилоъ додааст. 

Ин таноқуз байни шабакаи “Золотая Крона” ва Бонки марказии Русия чӣ гуна ба вуҷуд омадааст, номаълум боқӣ мемонад.  

Ҳамчунин қаблан мақомоти шабакаи “Золотая Корона” дар посух ба ҳамин хабаргузорӣ гуфта буданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб дорад, низомҳои интиқол бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоб кушода, маблағи баробар ба ҳаҷми якмоҳаи интиқолро захира кунанд. 

Аммо коршиносон ба ин ду масъала бо назари шубҳа менигаранд. Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд “як қонун наметавонад ду тафсири ба ҳам зид дошта бошад, ё Бонки марказии Русия наметавонад ба ду ниҳод ду посухи хилофи ҳам диҳад. Зоҳиран дар напайвастани “Золотая Корона” ба маркази нави Бонки миллӣ сабабҳои дигаре нуҳуфтаанд. Бо гумони ғолиб Бонки миллии Тоҷикистон ва “Золотая Корона” натавонистаанд дар ин масъала ба тавофуқ расанд”.

Ҳамчунин талаби доштани захираи якмоҳа интиқолро ин коршинос аз воқеъият дур медонад. “Ҳаҷми интиқоли якмоҳаи “Золотая Корона” беш аз 200 миллион доллар аст. На танҳо ин шабака, ҳатто бузургтарин бонкҳо розӣ нахоҳанд шуд бо чанд сабаб ин маблағро пешпардохт кунанд. Пеш аз ҳама ин маблағ хеле бузург аст ва бо гумони ғолиб “Золотая Корона” имкони пардохти онро надорад. Сониян, агар ҳам дошт, ин корро намекард, чун бо он тарофае, ки дорад, дар 10 сол ҳам ин қадар даромад намегирад. Ба ягон бонки Русия гузоштани ин пул аз тамоми амалиёти интиқолии ин шабака фоидаи бештар меорад. Саввум бо дарназардошти суръати амалиёти интиқол, пардохтани якрӯза захира кофист, ки тамоми рискҳо пешгирӣ шаванд, чун амалиёт дар чанд дақиқа ё соат амалӣ мешавад. Ҳеҷ шабакае аҳмақ нест, дар гуфтушунид ин масъаларо набардорад ва бидуни таҳлил ин маблағи бузургро пешпардохт кунад. Магар Юнистрим ва контакт ҳоло маблағи интиқоли якмоҳаро пешпардохт кардаанд? Албатта ки на”. 

Дар посух ба суоли Паём, ки пас чаро “Золотая Корона” ин даъворо пеш овардааст, Шкралиев гуфт:

– Инҷо метавонад чанд ҳолат ҷой дошта бошад. Шояд Бонки миллӣ ба хотири аз бозор рондани “Золотая Корона” танҳо ба ҳамин шабака ин шартро гузошта бошад. Шояд дар дарсхости аввали БМ ин талаб ҷой доша бошад ва Юнистриму Контакт вориди гуфтугӯ шуда онро то захираи 1-2 рӯза поён оварда бошанд. Ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки хатои техникӣ зимни посух ба хабаргузорӣ ҷой афтодааст. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *