Каромат Шарипов, раҳбари собиқи Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд рӯзҳои наздик бояд мақомоти рус иҷозати баргаштанаш ба Русияро содир кунанд. Қаблан Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ Русияву Тоҷикистонро муваззаф карда буд ба парвандаи Шарипов расидагӣ кунанд.
Шарипов дар сӯҳбат бо Паём гуфт, ки парвандааш дар КҲБ СММ ба анҷом расида ва ҳоло ду парвандаи дигараш ба додгоҳи Страсбург пешниҳод шудааст.
Тибқи гуфтаи ӯ мақомоти Тоҷикистону Русия то 21 январ фурсат доранд, то ба қазияи ӯ расидагӣ кунанд.
Ҳамчунин, Шарипов ба Паём гуфт аз рӯи маълумоте, ки дарёфт кардааст, қарор аст мақомоти Русия рӯзҳои наздик иҷозаи баргашташ ба ин кишварро содир кунанд. Ва ӯ бовар дорад, ки рӯзҳои наздик ба кишвари будубоши ҳамешагиаш бар хоҳад гашт.
Каромат Шарипов, ки соли 2017 бо вуҷуди дорои шаҳрвандии Русия буданаш аз ин кишвар ихроҷ шуд, ба қаблан Паём гуфта буд, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милали мутаҳид шикояташ дар бораи ихроҷи ғайриқонунияш аз Русияро баррасӣ намуда, қарор содир кардааст.
Тибқи қарори Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милали мутаҳид аз 12 июли соли 2019 ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия вазифадор шудаанд, ки дар бораи ғайриқонунӣ аз ҷониби Тоҷикистон маълумотномаи сохта дар бораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан пешниҳод шудан ва аз ҷониби Руссия ғайриқонунӣ ихроҷ шудани шаҳрванди Русия Каромат Шариповро шарҳ диҳанд.
Каромат Шариповгуфт, дар қарори мазкур сабабу ҳолатҳои аз қабили хизматчии ҳарбии нафақахӯр будан, иштирокчии ҷанг будан ва ҷонибдорони зиëд доштанаш зикршуда, аз ҳукуматҳо талаб карда шудааст, ки дар муҳлати на зиëда аз 6 моҳ ба масъалаҳои мазкур ҳаматарафа расидагӣ карда, ҷавоби худро ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ пешниҳод намоянд
Раиси собиқи Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ҳукумати Русияву Тоҷикистон ва бахусус кордиҳандагони муҳоҷирони кории тоҷикро зиёд танқид мекард, моҳи декабри соли 2017 дастгир шуд. Додгоҳи Русия баъди муддати кӯтоҳе қарор кард, ки Каромат Шарипов аз роҳи ғайриқонунӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст ва барои ҳамин бояд аз он маҳрум кунанд ва аз қаламрави кишвар хориҷ намоянд.
Ба бовари худи Каромат Шарипов ихроҷи ӯ аз Русия кори дасти гуруҳҳое буд, ки аз фаъолияташ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ хушашон намеомад. Каромат Шарипов шарҳ медиҳад, ки агар шиносномаро ғайриқонунӣ ба даст меовард, дар муддати ду даҳа ошкор мекарданд.
Каромат Шарипов иддао дорад, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ҳеч вақт шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистонро надошт. аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ӯ аз солҳои ҳафтодум ба ин тараф шаҳрванди Тоҷикистон аст.