Парастори ятим ҳамнишини Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам)
Яке аз амалҳои солеҳе, ки шариат мӯъминонро амр кардааст, ин парастории ятимон мебошад. Шариати Ислом ба ятимон аҳамияти хосе додааст. Кӯдакони бечорае, ки ҳанӯз дар кӯчаки падари худро аз даст додаанд, аз меҳрубониву парастории падар маҳрум гаштаанд, дар назди Парвардигори оламиён ҷойгоҳи хосса доранд. Аллоҳ он қадар ба кӯдакони ятим меҳрубон аст, ки ҳатто сураи комилеро дар бораи онон нозил кардааст, ки баъзе уламо онро сураи Ятим ном мебаранд. Сураи муборакаи Моъун, номи дигараш сураи Ятим мебошад. Дар он сура Аллоҳ мегӯяд:
ارأيت الذي يكذب بالدين . فذلك الذي يدع اليتيم
Оё хабар дорӣ, аз шахсе, ки Рӯзи Қиёматро инкор мекунад. Ӯ ҳамон нафарест, ки ятимонро ба дуруштӣ меронад, ба онҳо кӯмак намекунад. (сураи Моъун, оятҳои 1 ва 2)
Сарпарасти ятим будан он қадар подоши бузург дорад ва нафари ятимеро ба кафолаташ гирифта, дар Охират ҳамнишини Паёмбарон хоҳад буд.
Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Саҳл ибни Саъдин Саъиди ривоят шудааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегуянд:
انا و كافل اليتيم في الجنة هكذا
Ман ва сарпарасти ятим дар Ҷаннат ингуна ҳастем.
Паёмбар инро гуфтанд ва бо ду ангуштони худ ишора карданд.
Паёмбар дар ҳадис баён карданд, ки ҳар нафаре, ки ятимеро ба сарпарастиаш мегирад, дар Ҷаннат бо Паёмбар мисли ду ангушт наздик хоҳад буд. Мартабааш ба дараҷаи Паёмбарон наздик хоҳад буд.
Албатта, пас аз шунидани ин ҳадис ҳар як мӯъмин бояд барои ҳамнишин шудан бо Паёмбарон амал кунад, зеро на дар дунё ва на дар Охират болотар аз ҷойгоҳи Паёмбарон мақоми дигаре нест. Ин манзалати бузургро инсони мӯъмин бо сарпарст гаштан ба ятиме ба даст меоварад.
Вақте ба масъалаи парастории ятим ва аҳамияти шариатӣ ба он нигоҳ кунем, дарк мекунем, ки шариати Ислом то чӣ андоза барои ислоҳи ҷомеа, ислоҳи инсоният сай мекунад. Аммо сад афсӯс, ки байни фармудаҳои шариат ва байни бепарвогии мардум масоҳатҳои тӯлонӣ вуҷуд дорад.
Аксарияти ятимон дар замони мо дар фақри шадиду муҳтоҷи зиндагӣ доранд. Адади ятимон бошад воқеан нигаронкунанда мебошад. Ҳанӯз соли 2007 адади ятимон дар дунё ба 210 миллион расида буд. Алъон бошад, пас аз ҷангҳои бесарумони хонасӯз ин адат ба маротиб афзудааст.
Шуморишҳо нишон додаанд, ки ҳама сола, 10% ятимон даст ба худкушӣ зада, худро ҳалок мекунанд. 60% духтаракони ятим бошанд ба фоҳишагӣ машғул мешаванд. 70% писарбачаҳои ятим бошанд, даст ба ҷиноятҳои гуногун мезананд. Илова бар ин ҷамъи зиёди ятимон машғули корҳои сангин ҳастанд. Корҳое, ки барои кӯдакон номуносиб аст ва сабаби бемориҳои хатарнок мегардад.
Кӯдаки ятим барои пораи нон, барои зинда мондан ба ҳар кор даст мезанад. Кӯдак ақли комил надорад, то чӣ бад асту чӣ нек фарқ кунад.
Бо ба кафолат гирифтани як ятим шумо на танҳо як нафарро кӯмак мекунед, балки ҷомеаро, умматро кӯмак мекунед.
Аз ин ҷост, ки шариат борҳо амр кардааст, то мӯъминон ба ятимон кӯмак кунанд, сарпарасти ятимон бошанд.То ҷомеа аз ҷиноятҳои разил пок гардад, кӯдакони бепарастор соҳиби оила гарданд. Барои он ки ятимон дилшикаста нагарданд ва қалбҳои маҷрӯҳи онҳо таскин ёбад, ба хости Илоҳӣ Паёмбарамон низ ятим буданд. Паёмбар ятим буданд, аммо бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ки ҳеҷ соҳибпадаре онро ноил нест, бузург гаштанд. Парвардигор Паёмбарро хитоб карда, мегӯяд:
الم يجدك يتيما فاوى
Оё туро ятим наёфтем, сипас паноҳ додем. (сураи Зуҳо, ояти 6)
Ту эй Паёмбар, ятим будӣ, аз падару модар танҳо мондӣ, ман туро аввал дар оғӯши Абдулмуталиб, сипас Абутолиб паноҳ додам.
Паёмбари акрам ҳанӯз ба дунё наомада, падарашон вафот карданд. Дар шашсолагӣ модарро аз даст доданд. Ҳамааш ду сол дар оғӯши падарбузурги хеш буданд, ки ӯ ҳам вафот кард, сипас дар кафолати амаки худ Абутолиб бузург гаштанд.
Ҳар нафаре, ки ятим аст, ҳар модаре, ки дар танҳои кӯдаки ятими худро бузург мекунад, бидонад, ки ятими зиллату хорӣ нест, ятими қисмате аст, ки парвардигор ба бандагонаш муқаддар кардааст ва ҳатто Паёмбар ранҷи ятимиро кашида буданд.
Тифли ятим он қадар дар назди Аллоҳ қадру қиммат ва аҳмияти бузург дорад, ки Аллоҳ ятимонро дар 23 ҷойи Қуръон зикр кардааст.
Оятҳои Илоҳӣ ҳамеша ба некӣ кардан ба ятимон ва ба онҳо зулм накардан, амр мекунанд.
Аллоҳ мегӯяд:
قل ما انفقتم من خير فللوالدين و الاقربين و اليتامى
Эй Паёмбар, ба мӯъминон бигӯ: ҳар моле, ки мехоҳед нафақа кунед, пас ба падару модар, хешовандон ва ятимон хайр кунед. (сураи Бақара ояти 125)
Дар ояти дигар мефармояд:
ان الذين ياكلون اموال اليتامى ظلما انما ياكلون في بطونهم نارا و سيصلون سعيرا
Онҳое, ки моли ятимонро бо зулм мехӯранд, ба рости, ки шикамҳои худро бо оташи дузах пур мекунанд ва ба водии сӯзоне, ки Саъир ном дорад, дохил мегарданд. (сураи Нисо ояти 10)
Парвардигор амр мекунад, ба ятимон кӯмак расонем ва ҳеҷ гоҳ моли ятимеро ноҳақ нахӯрем. Онҳое, ки ба ҳар фиребе, ноҳаққие моли ятимеро мехӯранд, ба ғазаби Илоҳӣ гирифтор мешаванд.
Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсоният нармдилӣ мебошад. Инсоне, ки дилаш аз санг аст, чашмонаш аз оби дида хушк ҳастанд, ба ҷуз бади чизе аз ӯ интизор намешавед. Барои ҳамин Паёмбар, Илоҳо ман ба ту аз сангдиливу хушкчашмӣ паноҳ мебарам, гӯён дуо мекарданд.
Сарпарастии ятим, ҳатто дасти меҳрубонӣ гузоштан ба сари кӯдаки ятим, сабаби нармдилии инсон мегардад.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадисе, ки Абудардо ривоят мекунанд, мефармоянд:
اتحب ان تلين قلبك و تدرك حاجتك ارحم اليتيم و امسح راسه و اطعمه من طعامك يلن قلبك و تدرك حاجتك
Оё дӯст дорӣ, ки дилат нарм гардад ва ҳоҷатҳоят бароварда гарданд: Ба ятимон раҳм кун, сарашонро сила кун, аз таомат ба онҳо хӯрон, дилат нарм мегардад ва ҳоҷатҳоят бароварда мегарданд. (Табаронӣ)
Ҳадиси шариф далолат мекунад, ки парастори ятим будан, сабаби на танҳо нармии дил, балки сабаби аз мушкилиҳо раҳо ёфтани инсон мегардад.
Азизон, шарт нест барои ятимеро хурсанд кардан, сарватманд бошед, танҳо дасти навозиши шумо, чашмони пур аз шафқати шумо, сабаби фараҳи ятимон мегардад. Кӯчактарин ҳадияҳо, ҳатто як ширинии кӯчак, сабаби лабханди кӯдакони ятим мегардад. Камтарин некӣ дар ҳаққи ятимонро дареғ надоред.
Муслимаи Аҳмадӣ