Рубрики Хабарҳо

Салиби сурхи Лубнон: талафоти инфиҷори Бейрут ба 100 кушта ва беш аз 4000 захмӣ расид

Салиби сурхи Лубнон эълом кард, ки шумори қурбониёни инфиҷори рӯзи гузашта дар Бейрут ба 100 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон ба беш аз 4 ҳазор нафар расидааст. 

Ҷурҷас Катона, яке аз мақомоти созмони Салиби сурхи Лубнон дар гуфтугӯ бо як шабакаи телевизионии ин кишвар дар бораи шумори талафоти инфиҷори муҳиби дирӯз дар Бейрут гуфт: шумори қурбониён ба 100 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон ба беш аз 4 ҳазор нафар расидааст. 

Катона ҳамчунин бо баёни ин ки шумори зиёде аз осебдидагони ин инфиҷор ҳанӯз зери харобаҳо мадфун ҳастанд, аз пур шудани зарфияти бемористонҳои Бейрут хабар додааст. 

Ҳамид Ҳасан, вазири беҳдошти Лубнон пештар шумори қурбониёни инфиҷори дирӯзи асри Бейрутро 63 ва теъдоди маҷрӯҳонро беш аз 3 ҳазор тан унвон карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *