Рубрики Хабарҳо

Аҳкоми тиҷоратҳои замонавӣ

Бо пешрафти замон тамоми муомилоту доду гирифтҳо низ пеш рафта истодааст. Агар пештар танҳо ду ва ё се намуди савдо вуҷуд дошт, солҳои охир даҳҳо намуди дигари хариду фурӯш вуҷуд дорад. 

Баробари зиёд шудани намудҳои савдо, амалкарди он низ хеле осон шудааст. Дар чанд соли пеш ҳар як харидор, бояд барои хариди коло аз хонааш мебаромаду ба назди тоҷир мерафт. Ҳанӯз даҳ сол пеш дар Тоҷикистон мардум барои хариди мошин ба Дубай ва мамалакатҳои дигар сафар мекарданд. Имрӯз бошад бо воситаи интернет метавонед дар даруни хонаатон нишаста аз худи Ҷопон мошин харед.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан тамоми мағозаҳо сайти интернетии худро доранд. Дӯкони интернетӣ ё худ Интернет магазин ба гунае роиҷ ёфтааст, ки тақрибан ҳар як шахси дуюм дар ҷаҳон аз он истифода мекунад. Дар аксари давлатҳо дар даруни хона истода, аз сайти мағоза ашёи даркории худро мехаранд, дар давоми як соат тамоми ашёи харидаашонро худи мағоза бо хидматрасонии ройгон ба хонаашон мерасонад. Имрӯзҳо тамоми ашёи лозимиро чӣ кӯчак, чӣ бузург метавон дар даруни хонаи худ нишасту харид кард.

Инчунин, агар пештар касе барои фурӯхтани колои худ ба роҳҳои дур сафар мекард ва ё ба бозор мебаровард, имрӯз метавонад дар даруни хонаи худ нишаста колоашро ба фӯрӯш монад. Кофист дар сайтҳои тиҷоратӣ ва ҳатто дар гурӯҳҳои иҷтимоӣ мисли ватсапу инстаграм тасвири колоро гузоред, пас аз муддате харидоре пайдо мешавад.

Хариду фурӯши интернетӣ чанд тарафи мусбат дорад. Колои дилхостро бо нархи арзонтар мешавад, пайдо кард, инчунин моли мефурӯхтаатонро дар даруни хона метавон фурухт. Аз тарафи дигар баъзе фабрикаҳо барои пешбурди бозори худ  аз дохили фабрика истода, моли худро бо нархи муносиб мефурӯшанд. Савдогар бедахолати миёнарав ба истилоҳ даллол метавонад аз худи фабрика мубоширан коло харад.

Аммо ногуфта намонад, ки дар хариду фурӯши интернетӣ бояд хеле эҳтиёт шуд. Зеро баъзе дузду ғоратгарон бо чеҳраҳои фурӯшанда ва ё харидор дар интернет аз паи дуздии моли мардум ҳастанд. Бо номи мағозае молеро мефурӯшанд, пули колоро пештар талаб мекунанд, сипас харидор колоро ба даст намегирад. Бо гирифтани пул фурӯшанда якбора ғайб мезанад. Сайтҳои тиҷоратии дуруғин кам нестанд. Дар вақти харид аз ин ва ё он мағозаи тиҷоратӣ, аввал комилан аз он бохабар шавед, мабодо фиреб нахӯред.

Дар Туркия барои муштарии зиёд ба даст овардан, фабрикаҳо ва мағозаҳо маблағи колоро дар вақти ба дасти муштари расидани коло мегиранд. Шумо дар хона аз сайти мағоза чизеро мехаред, вақте колои харидаатон ба дастатон расид, сипас маблағи онро медиҳед. Бо ин намуд хариди интернетӣ комилан аз фиреб хӯрдан, дар амон мемонед.

Хулоса, дар ҳоли ҳозир шарт нест, барои хариди чизе ва ё фурӯхтани моле  ба роҳҳои дур сафар кард. Кофист тарзи харидуфурӯш аз тариқаи интернетиро хуб омӯзед, дигар тиҷорат бароятон хеле осон мегардад.

Вақте аз тариқаи интернет чизе мехарем, аксари фурӯшандаҳо ба маҳзи супориш додани коло аз мо даҳ дарсади маблағи колоро талаб мекунанд. То замоне, ки даҳ дарсади маблағи колоро ба ҳисоби фурӯшанда нагузаронидӣ, ту чизеро супориш дода наметавонӣ. Сипас, агар рафту харидор мабодо аз суханаш баргашт ва ман колоро намехарам гуфт, фурӯшанда он маблағи аз пеш гирифтаашро ба харидор барнамегардонад. Оё ин амал ҷоиз аст ё на?

Ин саволро ба доктор Муҳаммад Хайри доктори фиқҳи муқоран медиҳем.

“Доктор, дар мо чунин намуди тиҷорат вуҷуд дорад. Вақте ман ба воситаи интернет чизе хариданӣ мешавам, соҳиби коло аз ман даҳ дарсад ва ё қисме аз маблағи колоро талаб мекунад, пас аз он ки ман он маблағро ба дасти фурӯшанда мерасонам, ӯ супориши маро қабул мекунад ва дар тӯли як ҳафта колоро ба дасти ман мерасонад. Бақияи мабӣлағи колоро пас аз ба даст гирифтани он ва ё пештар ба дасти фурӯшанда медиҳам. Агар, мабодо пас аз супориш додани колое ман аз ҳарфам баргардам ва ман он колоро намехарам, гӯям, фурӯшанда он даҳ фоиз маблағи пештар додаамро аз они худ мекунад. Дар натиҷа барои аҳдшиканӣ ман миқдоре аз маблағамро беиваз ба фурӯшанда медиҳам.Оё барои фурӯшанда ҷоиз ҳамин гуна маблағи харидорро беиваз аз худ кунад?”

Посухи доктор:

“Оиди саволи додаатон, чизе, ки шумо пурсидед, дар шариат хариду фурӯши Арбун ном дорад. Харидор пеш аз харидани коло, як қисм маблағи колоро ба дасти фурӯшанда медиҳад, то замони ба поён расидани додугирифт, он маблағ дар дасти фурӯшанда мемонад. Як рӯз, ду рӯз, як моҳ, то поёни савдо он маблағ дар дасти фурӯшанда мемонад, баъд аз ба даст гирифтани коло бақияи маблағро ба фурӯшанда медиҳад. Агар харидор колоро харид, он маблағи пештар додааш қисме аз нархи коло ҳисобида мешавад, агар мабодо харидор аз харид даст кашид, дар ин ҳолат ин маблағи додааш ба дасти фурӯшанда мегузарад. Фурӯшанда барои аз харид даст кашидани харидор, он маблағро аз худ мекунад. Ин намуди тиҷорат дар шариат  ҷоиз аст. Агар харидор аз аҳдаш баргардад, фурӯшанда ҳаққи аз худ кардани маблағи пештар дода шударо дорад. Барои он ки Расулаллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд. Мусалмонҳо дар шартҳои худ бояд биистанд.

Ин намуд тиҷоратро дар фиқҳи Исломӣ тиҷорати Арбун мегӯянд, фуқаҳо ва уламои муосири аср ин намуд додугирифтро иҷозат додаанд.”

Ин тавр бошад, маблағе, ки пеш аз супориш додан ба фурӯшанда дода будем, агар мабодо аз харид даст кашидем, фурӯшанда ҳақ дорад ба мо барнагардонад, ин ҳаққи фурӯшанда аст, зеро пеш аз додани он маблағ, мо бо ҳам иттифоқ баста будем.

Мутаассифона аз тиҷоратҳои интернетӣ шахсоне метавонанд, истифода кунанд, ки хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ доранд. Вагарна бо он суръати пасти интернетие, ки дар мо аст, касе наметавонад, ҳатто ба сайтҳои мағоза дохил шавад, куҷо расад ба харидану фурӯхтан.

Тиҷорати кредитӣ

Яке аз тиҷоратҳои хеле ва хеле роиҷ ёфта, дар айни вақт машҳури замонавӣ ин тиҷорати кредитӣ мебошад.

Дар Русия ва давлатҳои дигар тақрибан мағозае нест, ки дар он нархи аслии коло ва нархи кредитии колоро нанавишта бошад.

Намуди ин тиҷорат чунин аст. Харидор, агар барои хариди колои зарурӣ  маблағи кофӣ надошта бошад, колоро бо ёрии бонк мехарад. Колои маблағаш дусад доллор бударо бо маблағи сесад доллор мехарад ва маблағи сесад доллорро ба бонк дар муддати муайян бармегардонад.

Агар мисол занем. Ман мехоҳам телефони дастӣ харам. Телефон чорсад доллор аст. Ман бошам бо худ чор сад доллор надорам. Дар ин вақт он телефонро бонк ба ман мехарад, ман бошам ба ҷои чорсад доллор ба бонк  панҷсад доллор бояд бидиҳам. Ин маблағро дар муддати муайян яклухт ва ё қисм-қисм ба бонк бармегардонам.

Ин хел хариди кредитӣ ду намуд дорад.

Намуди аввал: Кредит ба маънои қарзи рибавӣ, барои хариди коло шумо аз бонк дарҳол қарз гирифта, ба мағоза медиҳед, сипас он маблағро зиёдтар карда ба бонк бармегардонед. Колое, ки дусад доллор аст, банк аз номи шумо ду сад доллорро мепардозад, сипас ба ҷои дусад доллор, дусаду панҷоҳ ва ё зиёдтар аз шумо мегирад. Агарчӣ тиҷорати кредитӣ ном дошта бошад ҳам, ин намуд тиҷорат як намуд қарзи рибавӣ мебошад ва ба иттифоқи уламо ҳаром аст.

Банк дар ин намуди савдо, танҳо шахси қарздиҳанда аст. 

Намуди дуввум. Муштари барои хариди колое хона, мошин ва ё чизи дигар ба бонк муроҷиат мекунад. Бонк он колоро аввал худаш мехарад, сипас бо нархи гаронтар ба муштари мефурӯшад. Муштари колоро ба даст мегирад ва маблағи онро қисм-қисм дар муддатҳои муайян  ба бонк бармегардонад. Дар ин ҳолат ягон қарзи рибавие вуҷуд надорад. Бонк худ фурӯшанда аст. Колои худаш харидаро мефурӯшад. Ин намуд кредит ба иттифоқи уламо ҷоиз аст ва асосан дар бонкҳои Исломӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар бонкҳои Исломӣ вақте муштари барои хариди колое аз бонк қарз мехоҳад, бонк он колоро худ мехарад, сипас ба нархи гаронтар ба муштари мефурӯшад, албатта муштари маблағи колоро баъдан дар муддати муҳаддад бармегардонад.

Ин намуд кредит, агар дар бонкҳои дигар ба роҳ монда шавад, порахӯрӣ аз байн меравад ва байни бонк ва муштари қарзи рибавӣ неву тиҷорати ҳалол барпо мегардад.

Ҳар вақто ки шумо аз худи бонк колоеро бо маблағи қимматтар харидед, ҳеҷ боке нест. Аммо вақте шумо колоеро бо миёнаравии бонк харидед, дар ин вақт рибо дар миён аст ва муомилаи шумо ҷоиз нест.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *