Рубрики Хабарҳо

Диктаторе, ки 60% масҷидҳоро бастааст, бори савум вориди Каъба шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сиёсатҳои исломситезонааш машҳур аст ва дар даҳ соли охир тамоми мадориси динӣ ва 60 дарсдаи масоҷиди кишварро бастааст, бори дигар вориди Каъбаи муқаддас шуд. Тибқи иттилоъи дафтари матбуотиаш Раҳмон бо пӯшидани эҳром вориди Каъва гашта ва онҷо ду раккат намоз хондааст. 

Имрӯз 19 июл раисҷумҳури Тоҷикистон қабл аз ширкат дар нахустин нишастии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба Маккаи Мукаррама сафар кардааст.

Баъди вориди Каъба шудан, Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ тавофи Каъба намуда ва сипас “пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлуи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хондааст”.

Манбаъ гузориш дода, ки диктатори тоҷик «пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон — хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр намуда». Ин дар ҳолест, ки иқтисоди кишвар дар 30 соли ҳукумати ӯ комилан аз ҳам пошида ва ними мардумаш дар ақсонуқоти ҷаҳон парокнада шудааст. Танҳо дар Русия ҳар рӯз беш аз 400 тоҷик шаҳрвандии ин кишварро дарёфт мекунад.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур ҳамчунин аз саъй байни кӯҳҳои Сафо ва Марва кӯтоҳ кардани мӯи сари раисҷумҳур муфассал гузориш медиҳад, ки фаҳмида мешавад Раҳмон умра кардааст.  

Бори савум аст, ки диктатори исломситези Тоҷикистон бо иҷозаи мақомоти Арабистони Саудӣ вориди Каъба мешавад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *