Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дирӯз панҷшанбе, қарор содир намуда, ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод.
Назарбоев сабаби ин қарорашро ба ҳамкорӣ карда натавонистани вазирон бо мардум, таъмин нашудани рушди босифати иқтисод аз ҷониби ҳукумат ва Бонки миллӣ унвон кард.
Ӯ гуфт: «Дар натиҷаи амалҳои бемасъулиятонаи ҳукумат, қисми осебпазири аҳолӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо накарданд».
Ду ҳафтаи охир дар чанд минтақаи Қазоқистон эътирози оммавии модарони серфарзанд идома дорад, ки талаби беҳсозии зиндагии худро доранд. Эътирозҳо баъди он шуруъ шуданд, ки дар наздикии шаҳри Остона дар як оташсӯзӣ панҷ кӯдаки ноболиғ кушта шуд.