Дар ҳоле, ки то интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия ду моҳ боқӣ мондааст, назарсанҷиҳои навнишон медиҳанд, ки маҳбубияти Камол Қиличдороғлу, номзади эътилофи мухолифон 10 дарсад бештар аз Раҷаб Таййиб Урдуғон аст.
Боло рафтани масрафҳои зиндагӣ ва норизоият аз амалкарди ҳукумат дар ҷараёни зилзилаи ахир дар афзоиши маҳбубияти мухолифон нақш доштааст.
Тибқи назарсанҷиҳои нав, дар рақобат бар сари курсиҳои парлумон, ки ҳамзамон бо интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад, фраксюни мухолифон шаш дарсад нисбат ба Ҳизби тавсеа ва адолати Урдуғон, раисҷумҳури кишвар пештоз аст.
Урдуғон пас аз 20 соли будан дар қудрат, ба далели афзоиши таваррум, масрафҳои зиндагӣ ва мудирияти бади ҳукумат дар ҷараёни зилзилаи маргбори ахир бо коҳиши маҳбубият рӯбарӯ аст.
Бино ба ду назарсанҷии муассисаҳои Оксой ва Алиф, Қиличдороғлу 55.6 дарсад ва Урдуғон 44.4 дарсади раъйи мардумро бо худ доранд. Дар айни ҳол, назарсанҷии муассисаи Поер маҳбубияти раҳбари мухолифонро беш аз 57 дарсад нишон медиҳад.
Марва Тоҳироғлу аз муассисаи Пружаи демокрасии Ховари Миёна дар ин маврид ба Рейтерз гуфтааст, ки эътилофи мухолифон муташаккил аз чеҳраҳои барҷаста ва гуногуне аст, ки ҳар кадом барои бахшҳои мухталифи ҷомеаи Туркия ҷаззобанд.